Нест бод хоинони миллат!
Аз рузҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ санаи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистонро як ҳодисаи ниҳоят пурталотуни зиндагӣ рузҳои даҳшатбори замон фаро гирифт, ки ин ҳамон ҷанги бародаркуш, ҷанги шаҳрвандие буд, ки на падар писарро раҳме дошт ва на писар падарро, ки сабабгори ҳаммаи ин талотумҳои солҳои 1992 ва солҳои 1997 то ба имзо расидани Созишномаи умуми Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки ҳамон вақтҳо сардори апазитсияи гуруҳҳои ифротиро идора мекарданд ва сабабгори асоси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ асос шуда буданд Саидабдуллоҳи Нурӣ ва ҳаммаслакони ӯ мебошанд.
Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои худро ба ин гуруҳҳои нохалаф дареғ надоштанд. Барои ин гуруҳҳои иғвоангез хостанд, ки давлатро пароканда кунанд ва дар харитаи сиёсӣ ҷаҳон номи миллати “Тоҷик”-ро нест кунанд. Пайваста ғамхори намуда дар тамоми самтҳои сиёсию, фарҳангӣ, иҷтисодӣ ва иҷтимоӣ шарт шароити арзандаро фароҳам оварданд то, ки ин амалҳое, ки ин нафарон солҳои 1992-1997 даст заданд дигар бора такрор нашавад.
Лекин мутассифона ин гуруҳҳои ҷиноятпеша “Нону намаки” ин сарзаминро хурда ҷавобан барои ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарварӣ давлат моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби Назҳати Исломӣ бо сарварӣ якқатор ҳаммаслакони худ ва бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ хостанд дагарбора бар зидди давлат силоҳ бардоранд ва ҳодисаҳои солҳои 90-умро аз нав оғоз кунанд.
Лекин бо далерию ҳушёрӣ, зиракию сиёсӣ Қувваҳои Мусалаҳи кишвар ва пайваста дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва дуои неки падарону модарони миллати тоҷики нагузошт, ки ин нафарон амаллоҳи номатлуби худро анҷом диҳанд. Аз ин лиҳоз шурӯъ аз 30 сентябри соли 2015 собиқ Ҳизби Назҳати Исломӣ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид ва он беасос набуд, зеро кулли аъзоёни гурӯҳи мазкур солҳои охир бо истифода аз дини Ислом мехостанд мардумро гумроҳ намуда, ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Баъди воқеаи моҳи сентябр аксари фаъолони гурӯҳи террористӣ-экстремистии Ҳизби Назҳати Исломӣ дастгир карда шуданд ва мувофиқи гуноҳҳои содиркардаашон ҷазо дода шуданд. Лекин мутаасифона,ба баъзе аз фаъолони Ҳизби Назҳати Исломӣ муяссар гашт, аз кишвар фирор кунанд, то ки фаъолияти ғайриинсонии худро дар хориҷи кишвар идома диҳанд. Яке аз чунин фаъолоне, ки зидди ҳукумати конститутсионӣ баромад мекунанд, Илҳом Ёқубов аст.
Вале душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзшҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхта, бо рафтори зишту беномусӣ ва пастфитратӣ раъди марака гардиданд ва тири бадхохонашонро солҳои 90-хокхурда, қувавҳои неки аз болои қувваҳои баъди онҳо ғолиб омада буд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осудаи мо суханҳои баду фитнанез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимои баён намоянд.
Мо ҷавонони кишвар ҷавобан ба он нафарон гуфтани ҳастем, ки роҳе ки Шумо интихоб кардед “Оғоз” ва “Анҷоме” надорад. Шумоён бар ки ва барои манфиати ки кор карда истодаед?. Эй мардум ин шахсоне, ки шуморо бо “Пул”-и худ кор фармуда истодаанд бар зидди давлати худ бар зидди Ватане, ки чун модар, падар қиммат дорад ҷанг андохта истодаанд. Шумоён бар зидди кї силоҳ бардоштани ҳастед?. Бар зидди падар модари худ, ки “Ватан” ном дорад анҷом дода истодаед?. Ба хотир оред падару модар сабаб мешаванд, ки мову шумоёнро ба дунё оранд ва пайваста ба воя расонанд. Лекин ватан моро ба камол мерасонад, мехуронад, мепӯшонад ва аз қувваҳои бад ҳимоя менамояд то, ки оянда шахсоне ба камол расанд, ки ҳимоятгари давлат бошанд. Аммо шумоён чи амалҳое анҷом дода истодаед дар ҷавоб?. Ҳамаи шаҳрвандони кишвар хуб медонанд, ки нияти ғаразонае, ки доред аллакай барои мардуми тоҷик воқеаҳои солҳои 1992-1997 дарси ибрат шудааст ва намегузорад, ки ин кор дигар бора такрор шавад.
Ба хотир оред бо як амалҳои бадхоҳона ва ғаразонаи Шумоён ҳазорон нафар ҳалок гардиданд, ҳазорон нафар кудакон ятимубе падар ва бе модар монданд. Зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони кишвар дар хоки Афғонистон паноҳ ёфтанд, ки сабабгори ҳаммаи ин фоҷиаҳо кори гуруҳҳои террористию экстремистӣ Ҳизби Назҳати Исломӣ буд. Ҳатто шаҳрвандонӣ кишвар дар ҳоле қарор доштанд, ки дар хонадони худ нони хурдани надоштанд ва ҳатто ҳолатҳое шуд, ки дар хонадонашон “Кунҷора” хуранд, ва имруз боиси хушбахтист, ки дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузори карда пайваста дар асоси ғамхориҳои сарвари давлат шаҳрвандони кишвар дар як ҷояги бар зидди ин гуруҳҳои иғвоангези ҷомеа пайваста мубориза хоҳанд бурд то, ки ин хоинони ватан дигарбора ба Сулҳу суботи кишвар дахолат накунанд ва ба кишвари мо бо чашми бад нигоҳ накунанд.
Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.Мо ҷавонони давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти ҷумҳурии азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба хоинони давлату миллат пайваста дар талош хастем ва намегузорем, ки амалҳои худро анҷом диҳанд.
Академик