НАЙРАНГИ НАВИ КАБИРӢ ТАВАССУТИ ГИРДИҲАМОӢ

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз чунинсаҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзиба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ба сатҳи зарурӣ расидааст. Хурсандавор он аст, ки мардумисолҳои 90-уми асри ХХ азият кашидаи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, бо дастовардҳои назаррас ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳаматарафа омодагӣ дида истодааст.Мардуми бузургмеҳри минтақаҳои гуногуни кишварамон, ки дар вазъияти орому осоиштагӣ зиндагони карда, бароипешрафтикишвар бофаъолияти созандагӣ меҳнатипурсамаркарда истодаанд.

Муттаасифона, қувваҳое ҳаст, ки бо ҳар гуна роҳу василамехоҳанд ин оромиву амниятикишвари моро халал ворид намоянд. Душманони миллат ва давлати мо, ки як гурӯҳи кӯчакро ташкил медиҳанд ва бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта дар ҷустуҷӯ қарор доранд бо баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ мехоҳанд диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд.

Шиору овезаҳои онҳо пур аз фитнаву дасиса ва талаботҳояшон ба доираи чорчӯбаи қонун рост намеояд. Наход, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба инсуханони бемаънӣ ва ҷудоиандоз бовар кунад? Ҳеҷ гоҳ не чунки талаби онҳо ба қонунгузории кишвар ва санадҳои байналмиллалӣ пурра мухолифат менамояд. Дархости гирдомадагон аз маҳбас озод намудани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва ЁровБузургмеҳр, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндонӣ гаштаанд ва душманони халқу миллати тоҷик ба шумор мераванд ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад. Ин нафарон на зиндониёни сиёсӣ, балки нафарони кӯрнамаке мебошанд, ки манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро аз манфиати халқу миллат ва давлати тоҷикон боло мебинанд. Талаби дигари хоинон ин “эълон кардани феҳристи комили ҳамаи захмиҳо- кушташуда дармаҳбусхонаи 3-3 шаҳри Хуҷанд” мебошад, ки бори дигар бо дастури ТТЭ ҲНИ ташкил шудани бетартиби дар ин маҳбас гувоҳӣ медиҳад.

Даъвати ғайриқонунии шаҳрвандон ба назди бинои Сафоротхонаи Тоҷикистон даршаҳри Берлин, як амали бемантиқ, бемаврид ва давоми мантиқии фитнаву дасисаҳои Кабирӣ маҳсуб меёбад. Ин амал бозии пасипардагии Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ӯбуда, на ҷомеаи ҷаҳонӣ ва на шаҳрвандони Тоҷикистон ба он эътимод ва боварӣ надоранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти суд, прокуратура вадигар мақомотҳои ҳизфи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосиқонунҳо, Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои байналмилале, ки давлати мо эътироф намудааст ба роҳ монда шудааст. Онро экспертҳоибайналмилали борҳосанҷида эътироф кардаанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз ваҳдату суботи ҷомеа хушбахтона умр ба сар мебаранд ва бо меҳнати софдилона барои ободии ҳар як гӯшаву канори кишвар саҳми сазовори худро гузошта истодаанд. Душманони миллату давлати мо, ки бо ҳар роҳу васила бар зиддӣ мо сангпартоӣ мекуананд ҳеҷ гоҳ ба мақсади аҳримании худ намерасанд ва наметавонанд.

Ҷабборов И.Р., декани

факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ