Наҳзатиҳо ҳамеша дар паи хиёнат бар халқу миллати хешанд

Сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ воситаи ягонаи паҳнкунандаи суханрониҳои ташкилоти террористии наҳзатӣгардидааст, ки аз рӯи одат ҳамеша аз тӯҳмату бӯҳтонҳо ва бадгӯивуғаразҳои беасос бар зидди ҳокимияти мавҷуда равона гардидаанд. Роҳбари ТЭТҲНИ Муҳиддин Кабирӣ одат кардааст, ки ҳамчун роҳбари эътилофи ҷинояткорон бо ном ПМТ суханронӣ карда, беасос Ҳокимиятро бадном намояд.

Ӯ дар баромади худ оид ба масъалаҳои гуногуни вазъияти кишвар суханронӣ намуда, кӯшиш менамояд Ҳукумати кишварро беасос бадном намояд. Дар суханрониҳояш худро ғамхори миллату Ватанвонамуд намуда, вазъияти кишвари оромро ба таври махсуси худ бад арзёбӣ менамояд. Лекин ба ҳамагон маълум аст, киКабирӣ бо ҳар роҳу усул мехоҳад мардумро ба гумроҳӣ барад ва дар қалби онҳо ҳисси бадбиниро нисбати роҳбари кишвар ва ҳокимият пайдо намояд.

Халқи худогоҳу миллатдӯст кайҳо пай бурдаанд, ки ӯдар назди сарпарастони хориҷии худ фаъолият дорад ва супоришҳои таҳкибкоронаи онҳороиҷро менамояд.Аз замони пайдоиши худин созмони ифротӣ тибқи дастури хоҷагонаш фаъолияти ҷинояткорона бурда, дар солҳои90-уми асри гузашта ҷанги шаҳрвандиродар кишварамон роҳандозӣ намуда буд. Ҳоло, ки Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо пеш мераваду мардум орому осуда зиндагӣ доранд. Ин наҳзатиҳои бадхоҳи миллат мехоҳанд аз нав онро ноором сохта, ба вартаи ҷангу ҷидол табдил диҳанд.

Имрӯзҳо мардуми худогоҳу миллатдӯст аз ҷиноятҳовухиёнатҳоироҳбарияти ТЭТҲНИогоҳанд ва касе ба онҳо бовар нахоҳад кард.

Мардуми озодихоҳу сулҳдӯст ҳамеша сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ хоҳанд кард.

Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ