Муттаҳидшавӣ дар қишрҳои тоҷикистониён

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз пайравони гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуда буд, ки хиёнаткор ба Ватан-модар ва ҳам мазҳаби ҳанифи хиёнат кардаст. Ягон миллат чунин шахсиятро намебахшад ва набахшидааст. Чунки хиёнаткорон танҳо мақсадҳои шум ва зидди давлати доранд, бевосита ба муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ҳамчун душман қарор доранд.

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат, хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қаблаз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намуданиқишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Ҳамаи дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт дар давоми ин солҳо маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.

Нишасти САҲА дар ду соли охир ба минбари пурбаҳси масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар Тоҷикистон табдил шудааст. Баъди баставу мамнӯъ эълон шудани ҲНИ дар соли 2015 фаъолони ин созмон соли 2016 бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава вориди баҳсҳои лафзӣ шуданд ва Тоҷикистон ба нишони эътироз аз он ки, ба гуфтааш, “САҲА дар як толор ба ҳукумат ва террористон минбар медиҳад”, мақоми ин созмонро дар кишвар поин бурд.

Аммо ба комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, ҲНИ ва аъзоёни ў то ҳоло баҳсу мунозираҳои бемавриду бемазмун ва ғайра машғул мебошанд, ки одами солимақлро ба ҳайрат меорад.

Ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳва фаҳш даъват намекунад. Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамояд. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки воқеан ҲНИ рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ наздик шудааст. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гӯлу гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст.

Бузургии миллатро аз тарбия дар гаҳвора ва шири модар медонанд. Халқи тоҷик рафторичунин ашхосонро маҳкум , барои онҳо шири модаро ҳаром мешуморанд. Шомилшавии ҷавонон ба ин гурўҳҳо масъалаи доғи рўз ба ҳисоб меравад. Барои гардишиҷавонон аз ин тараф варавияҳоро аз байн бурдан бояд масъулияти баланди ватандўстӣ лозимаст. Ҷавонон зиракии сиёсӣ ва мубориза ба муқобили ин равияҳои экстремистирошиори асосии худ донанд.

Атоев А.М.- мудири кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафа,

доктори илмҳои фалсафа, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ