Муроҷиат ба САҲА

Созмони бонуфузи амниятии ҳамкориҳои Аврупо (САҲА) тули чандин сол аст, ки дар арсаи байналмилалӣ фаъолият менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созмонро дар асоси талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф намудааст. Тибқи Оиннома фаъолияти САҲА ба он равона карда шудааст, ки дар кишварҳои дунё институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул ва такмил дода, онро ба меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мутобиқ кунонанд.

Тоҷикистон дар солҳои аввали давлатдории хеш ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва асоси онро созмонҳои террористиву экстремистӣ дар ҳамон давру замон ташкил мекарданд.

Ба хотири гуногунандешии ҷомеа Ҳукумати Тоҷикистон, баъди ба даст овардани истиқлолият дар ҳамон давра имкон доданд, ки ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва мазҳабӣ расман ба қайд гирифта шаванд. Яке аз чунин ҳизбҳои сиёсӣ собиқ ҲНИТ буд, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда фаъолият менамуд. Бо гузаштани солҳо ин ҳизб ба ҷои мардумро ба сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамида даъват намудан баръакс мардумро ба тафриқа ва ҷудоиандозиҳо даъват намуда, мақсади ниҳоияшон ба даст овардани ҳокимият ва оқибат ба қисмҳо тақсим кардани Тоҷикистон буд. Маҳз иродаи қавӣ ва таъриху фарҳанги волои мардуми тоҷик боло гирифт ва бо Сарварии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ ҳукумфармо гардид.

Мутаассифона вақтҳои охир муносибати яктарафаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нигарон кардааст, ки чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ (собиқ Раиси ҲНИТ), Додоҷон Атовуллоев, (Роҳбари Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон), Шарофиддин Гадоев (Гурӯҳи-24) ва ҳаммаслакони онҳо, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар кофтукови байналмилалӣ ба воситаи Интерпол қарор доранд ва дар ҳудуди давлатҳои Аврупо озодона аз минбарҳои баланд истифода бурда бо суханҳое, ки умуман асоси воқеӣ надоранд, сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар чашми мардуми Аврупо ноадолатона муаррифӣ менамоянд.

Ҳодисаҳои рӯзҳои 3 ба 4 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ба амал омада, маҳз бо дастури бевоситаи шахсони дар боло зикр гардида аз тарафи Абдуҳалим Назарзода собиқ муовини Вазири мудофиа ва ҳаммаслаконаш сурат гирифт, ки дар натиҷа чанд нафар ҷавон ҷони худро барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва амниятӣ кишвар аз даст доданд.

Он ашхосе, ки дар боло номбар карда шуд симои аслии худро дар зери ниқоби «исломи ҳақиқӣ» ва «демократия» пинҳон намуда, аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ баромад карда, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи кишвари мо - Тоҷикистонро ғайриодилона муаррифӣ менамоянд, вале онҳо ашхосе мебошанд, ки дастонашон то оринҷ дар хуни чандин шаҳрвандони бегуноҳ оғушта мебошад ва умуман дар бораи симои аслии имрӯзаи Тоҷикистон маълумоте надоранд.

Бо воситаи САҲА ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муроҷиат намуда талаб менамоем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гумонбар мешаванд ва дар ҳудуди кишварҳои Аврупо, аъзоёни САҲА паноҳ мебаранд, дастгир карда шуда бо роҳҳои дипломатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.

Ба гузориши дафтари матбуоти вилояти Суғд, имомхатибони суғдӣ дар ҷамъи ходимони дин дар вилояти Суғд, аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) хостанд, ки этилофи тозатаъсиси наҳзатиёнро ба расмият нишиносанд ва раҳбарон ва пайравони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар ҷаласоти боқимонда, роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин онҳо аз кишварҳое, ки аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар он ҷо сукунат доранд, дархост карданд, ки онҳоро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ