Муноқишаи мусалаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ахдшикани ва низоъ игвои навбатии Киргизхо боиси мочарои дар сархади Точикистону Киргизистон гардид. Мочаро шоми 16 уми сентябр дар махаллаи Бахори Чамоати дехаи Овчи Калъачаи нохияи Бобочон Гафуров рух дод. Ба гуфтаи намояндагони макомотхои кудрати бар асари тирпарронии марзбонони киргиз полковники точик Рустам Убайдуллоев ва инчунин сарбозон Рамазон Исмоилов ва Гиесиддин Суванов ба халокат расиданд. Дар худуди майдони варзишии ин махал ки минтакаи бахси ба хисоб меравад чониби киргиз сохтмони постгохи низомиро шуруъ кардааст. Ва макомот мегуяд ки ин кирдор хилофи созишнома сурат гирифтааст.ки каблан миёни Точикистону Киргизистон ба имзо расидааст. Мувофики он дар минтакаи бахси ва аломатгузори нашудааст ва корхои сохтмони манъ аст.Аммо чониби киргиз Киргизистон ба бунёди иншоот шуруъ кардааст, ки боиси норохатии сокинони точик гардидааст. Рустам Убайдуллоев низомии точик мехост , ки хар ду чонибро ба хамдигарфахми даъват кунад вале сад афсус , ки аз чониби Киргизхо хадафи тир карор гирифт. Абдухомид Одинаев муовини раиси Чамоати Овчи Калъача гуфт,ки мардуми мо мехостанд ин вазъиятро бо рохи осоиштаги хал карда ба сари максад оянд аммо марзбонони киргиз вазъиятро ба низоъ кашиданд. Ба гуфтаи Абдухомид Одинаев айни замон холо вазъият дар марз ором аст ва интизор мешаванд , ки намояндагони ду кишвар сари максад меоянд.