Муноқишаи байни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Чӣ хеле, ки аз расонаҳои сомонаҳо ба мо маълум шуд, ки санаи 10 – уми январи соли 2020 дар назди сарҳадии ноҳияи Сомониён шаҳри Исфара муноқиша байни ду ҳамсоя яъне Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омад. Яке аз сабабҳои асосии ин муноқишаҳои байни сарҳадҳо ин тацсимоти замин мебошад.

Айни ҳол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз тарафи мақомотҳои дахлдор тафтиши сабабҳои асоси рух додани ин амалиёт ва айбдорони он рафта истодааст.

Мо умед дорем, ки гуфтушунидҳои санаи 14.01.2020 ин муамморо ҳаллу фасл месозад ва мардуми ду кишвар осудаву ором зиндагӣ хоҳанд кард.

Зеро мардуми назди сарҳади аз муноқишаҳои зиёду ҷангҳои беасос хаста шуданд. Ва шабу рӯздар ҳарос ҳастанд, ки гӯёи ҳозир ҷанг мешавад. Кӯдакон то ҳатто ба мактаб рафтан ҷуръат намекунанд. Одамон то ҳатто ба рӯи ҳавлии худ гаштан метарсанд. Ин чи амалест, ки номатлуб? То ба кай ин бесарусомониҳодавом мекунад? Бо ин амал дар оянда ба чашми кудаконамон чӣ гуна назар мекунем. Чӣ хел онҳоро дар ин руҳия калон мекунем. Онҳо аз мо чӣ сабақ мегиранд? Магар ин шармандагӣ нест.

Умедворам, ки ин суханони мо ба гӯши сабабгорони ин басарусомониҳо мерасду онҳо низ сари ин масъала фикр мекунанд.

Дар ин дунё на ман монам, на он шоҳу на он султон

Бимонад ҷовидон, меҳру муҳаббат хубии инсон.

Омӯзгорони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Ҷалилова М.,Ҳомидова И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ