Мулоқоти судманд

Дар асоси барномаи маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”-и назди Шуъбаи тарбияи донишгоҳ барои соли таҳсили 2018-2019 санаи 29 ноябри соли 2018 дар толори Раёсати донишгоҳ вохӯрии Муовини Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд под-полковники милитсия Раҳмонов Анвар Мадисоевич ва Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдполковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо аъзоёни маҳфил оиди мавзўи “Ифродгароии сиёсӣ – динӣ, ҳуруфот ва маърифати пасти динӣ – фарҳангӣ, динситезӣ ду қутби ба ҳам мухолиф: роҳҳои пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремисти террористӣ дошта” баргузор гардид.

Раисикунанда, муовини ректор ба корҳои тарбия, дотсент Р.Давлатзода Дар суханронии худ иброз дошт, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатҳои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеи гузошт.

Баъдан Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдполковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ суханронӣ намуда, бо далелу фактҳо аз хиёнаткориҳои ТЭТ ҲНИ ёдоварӣ намуд. Ба ҷавонон – аъзоёни маҳфили “Андеша” воқеаҳои ба ҳалокат расонидани афсарон, хиёнаткориҳои Ҳоҷи Ҳалим, куштори саёҳон ва дигар ҳодисаҳо, ки махсус бо дасти сарварони ТЭТ ҲНИ руйи кор омадааст ба таври возеҳу равшан фаҳмонида шуд. Инчунин мавсуф аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон суханоронӣ намуда, таъкид сохт, ки ҳар як ҷавони даврони истиқлол дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо ва дастгириҳо Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишу роҳи тайнамудаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, тамоми кушишу ғайрати худро баҳри таъмини пойдории сулҳу субот ва оромии фазои кишвар равона созанд.

Дар қисмати дигари мулоқот ҷавонон ба саволҳои худ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ