Мухолифони ватан ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид!

Дар шабакаи сомонаи интернетӣ боз аз як мақолаи иғвоангезонаи мухолифони ватан ба чоп расид, ки аз мутолиаи он кас ба ҳайрат меояд. Мазмуну мӯҳтавои онпеш аз ҳама, ибрози ақидаҳои нодуруст нисбат ба қонунҳои интишорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳар он қонуне, ки аз тарафи ҳокимияти давлатӣ интишор мешавад пеш аз ҳама барои беҳбудии ҷомеа равона карда шудааст ва албатта аз тарафи мардум дастҷамъона қабул мегардад. Ҳокимияти давлатӣ ягон қонунро худсарона ба фоидаи худ интишор наменамояд.

Мардуми бонангу номуси ватан ҳамаи он қонунҳову чораҷӯиҳое, ки аз тарафи ҳокимияти давлатӣ ба табъ мерасанду интишор мешавад дарк намудааст, ки танҳо ба манфиати мардум асту халос.

Қонун, ки аз давлат воло аст, иҷроион барои ҳама новобаста аз он ки мардуми оддӣ аст ё ҳокимиятдор ҳатмист. Чуноне, ки файласуфи бузурги Юнони қадим Арасту гуфта буд “Давлате, ки дар он Қонун аз давлат воло аст пеш рафта, давлате, ки Қонун дар зери итоати давлат аст ин гуна давлат ногузир тез аз байн меравад”. Бинобар он ҳар он шахсе, ки қонунро вайрон мекунаду бар хилофи он фаъолият менамояд мутобиқи қонуншиканиаш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва ин амал, яъне ба ҷовобгарӣ кашидани қонуншикан аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлат ягон зарар бар мардум нест. Балки барои пешбурди иқтисодиёти мардумва ба хотири волоияти қонун асос ёфтааст.

Имрӯз мардуми тоҷик дарк намудааст, ки тамоми ҷидду ҷаҳди Ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари муаззами кишвар, мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон танҳо барои беҳбудии ҳалқ равона карда шудааст. Бинобар он ҳамеша ҳамгирои сарвараш буда, барои иҷроиши қонунҳо омода аст.

Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ