Муаррих ва олими нуқтасанҷ
Ақлу заковат, нуқтасанҷӣ, дақиқназарӣ меҳри беандоза дар илми таърихшиносӣ ҳамешаҳамқадами олими поктинат Шавкат Шарифов меҳсуб ёфта, дар ин ҷода заҳматҳои бисёри ў натиҷаҳои пурбаракати илмиро ба бор овардаанд.
Тамоми ҳаёту фаъолияти олими шинохта Шавкат Шарифовро ба се самт тақсим намудан мумкин аст:
Сараввал, ҳаёти наврасӣ, таҳсил, хидмат ба Модар-Ватан; дуюм вазифаҳои пурмасъули ҷамъиятӣ ва сеюм бошад пажўҳишҳои илмию таҳқиқотии олим дар риштаи ғафуровшиносӣ ва тамаддуну фарҳанги давраҳои гуногуни таърихи ватанро дар бар мегиранд.
Ба давраи аввали ҳаёти мавсуф назар кунем, маълум мегардад, ки Шавкат Шарифов 18-уми декабри соли 1953 дар деҳаи Тутки шаҳри Истаравшан дар оилаи омўзгор Шарифҷон Пўлодов ба дунё омадааст. Аз соли 1961 ба мактаби деҳаи Тутк ба номи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз гирифтани маълумоти ҳаштсола ба мактаби миёнаи рақами 1 ба номи А.М.Горкийи шаҳри Истаравшан идомаитаҳсила намуда, соли 1971 ин боргоҳи маърифатро хатм намуда, соҳиби номаи камолот мегардад.
Пас аз хатми мактаби миёна Шавкат Шарифов соли 1971 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гашта, соли 1976 курси пурраи онро бо ихтисоси «Муаррих-омўзгор» хатм мекунад. Дар давоми таҳсил дар донишгоҳ ў худро ҳамчун донишҷўи болаёқат ва маърифатдўсту фаъол нишон дода сазовори гирифтани стипендияи аъло гардида буд.
Шавкат Шарифов баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Лениноғоз намуд.
Сипас бо даъвати доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Аҳрор Мухторов ба яке аз марказҳои бонуфузи илмию тадқиқотии кишвар Шўъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна, давраи нави ба Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш, аввал ба сифати лаборант, баъди гузаштан аз озмуни даврии он ҳамчун ходими хурди илмӣ фаъолияти худро идома медиҳад.
Шавкат Шарифов солҳои 1984-1986 дар ҳайати маҳдудиҚувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар Ҷумҳурии Деморкатии Афғонистон ба сифатитарҷумони ҳарбӣ фаъолият намуда, хидмати Модар-Ватанро сарбаландона иҷро кардааст.
Пас аз адои хизмати Модар-Ватан фаъолияти илмиву эҷодии худро дар боргоҳи илмии шӯбаи таърихи қадим, асрҳои миёна, ва давраи нави Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистонидома додааст.
Солҳои минбаъдаи фаъолияти меҳнатии Шавкат Шарифов ба Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ алоқаманд буда, тайи солҳои 1992-1995 ў дар кафедраи таърихи умумии донишгоҳи мазкур сараввал омўзгор, сипас вазифаи сармуаллими кафедраро бар ўҳда дошта, дар тарбия намудани мутахассисони ин донишгоҳ низ саҳмгузор аст.
Аз соли 1995 то соли 2011 фаъолияти меҳнатии Шавкат Шарифов дар шаҳри Хуҷанд, дар Филиали хуҷандии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар вазифаҳои гуногун суръат мегирад. Аз ҷумла, солҳои 1995-1998 омўзгори кафедраи ҷомеашиносии ДП ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, солҳои 1996-1997 дар факултети механикии донишгоҳи мазкур вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, солҳои 1998-2003 сармуаллими кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ҳамин донишгоҳ буд.
Дар баробари ин вазифаҳои пурмасъули омўзгорию тарбияӣ дар донишгоҳи номбурда Шавкат Шарифов аз соли 1998 ба сифати ходими калони илмии кафедраи илмӣ-тадқиқотии ЮНЕСКО-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО), ки то соли 2015 фаъолият дошт, ба тариқи муштараквазифа фаъолияти пурмаҳсули илмию эҷодӣ кардааст.
Ӯ дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ саҳмгузор мебошад. Ба ҳайси котиби илмии Шӯрои диссертатсионии назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илми таърих фаъолият намуда, нисбати унвонҷӯёну аспирантон нуктасанҷона ғамхорӣ мекард.
Фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгории Шавкат Шарифов ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста мебошад. Аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедари таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Боиси зикр аст, ки ӯ солҳои 2013-2014 вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқро ба ӯҳда дошт.
Замоне, ки Шавкат Шарифов ба Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон ба кор омад, таҳти роҳбарии Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳрор Мухторов ба таҳқиқи рўзгор ваосори илмии академик Бобоҷон Ғафуров машғул мегардад ва яке аз ғафуровшиносони замон эътироф мегардад. Ҷустуҷў, пажўҳишизаҳматталабии ў буд, ки бо ҳаммуаллифии устодаш А.Мухторов се рисола бо номи «Академик Бобоҷон Ғафуров» солҳои 1983, 1988, 1989 бо забонҳои русӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба нашр расонид. Ин рисолаҳо нахустин тадқиқотҳо дар самти омўзиши ғафуровшиносӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин Шавкат Шарифов ба ҳаёту фаъолият, осори илмии академик Бобоҷон Ғафуровзиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр намуда, дастраси аҳли илму адаб ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ гардонида аст.
Ш.Шарифов мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва аксари мақолаҳои китоби «Звезда – сияющая знанием и добром» (Сборник статей, воспоминаний и документов о великом сыне таджикского народа, Героя Таджикистана, академике Бободжане Гафурове)» мебошад, ки соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 90- солагии зодрўзи Б.Ғафуров ва 1100 –солагии давлати Сомониён ба чоп расид.
Натиҷаи ҷустуҷӯҳо, шабҳои бедорхобииШавкат Шарифов самараи хуб ба бор оварданд. Вай соли 2002 дар мавзўъи «Саҳми академик Б.Ғафуров дар инкишофи илми ховаршиносӣ» дар Шўрои диссертатсионииоид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рўи ихтисоси 07.00.02- Таърихи Ватан (илмҳои таърих) таҳти роҳбарии Арбоби илм ва техникаиТоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор С.Абдуллоев ва Ходими хизматнишондодаи илми ҷумҳурӣ, академики АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Неъматов рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Фаъолияти илмию тадқиқотии Шавкат Шарифов доманаи васеъ дошта, рўзгор ва осори илмии академик Б.Ғафуров, иштироки Тоҷикистон ва донишмандони тоҷик дар барномаҳои илмии ЮНЕСКО, ҷанба ва вижагиҳои гуногуни таърих ва фарҳанги тоҷикон дар асрҳои миёна ва давраи наву навтарин, ҷамъоварӣ, баргардон ва таҳқиқу омўзиши санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ (васиқаҳо) инчун сарчашмаи таърихӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Ҳоло бошад Шавкат Шарифовҳамчун донанда ва пажўҳишгари васиқаҳои асримиёнагӣ дар мавзўъи «Дипломатикаи тоҷик: аз таърихи таҳқиқу омўзиш ва дурнамои пажўҳиши он» тадқиқоти илмӣ мебарад ва ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст.
Устод Ш.Шарифов дар мураттабсозии як қатор рисолаҳо мақоми хоса дорад. Аз ҷумла, дар ҳамкори бо профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология, доктори илмҳои таърих Ваҳҳоб Набиев ба таҳияи маҷмўи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Паём ва рисолати созандаи он»,маҷмўи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи нусратовар ва ваҳдатофар» -ро нашр намудааст.
Шавкат Шарифов яке аз тарғиботчиёни фаъол буда дар гурӯҳҳои сатҳи гуногун дар таблиғи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор мебошад.
Барои хизматҳои шоён дар назди халқу ватан ў бо бо ордени «Ситораи Сурх», Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ИҶШС «Ба сарбози байналмилал», медалҳои ҷашнии«70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС», «Георгий Константинович Жуков», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «5-солагӣ, 10-солагӣ ва 15-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон», «Ба сарбози байналмилал аз мардуми сипосгузори афғон», «Собиқадори амалиётҳои ҷангӣ», бо нишони сарисинагии «Ба сарбози байналмилал», «20-солагии баровардани Қӯшунҳои шўравӣ аз Афғонистон» мукофотонида шудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имсол устоди ҳалиму хоксор, инсони комилу нексиришт, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов ба синни мубораки 65-солагӣ расидааст. Мо дӯстону шогирдон ба устод тансиҳатию хотирҷамъӣ ва комёбиҳои беназирро дар фаъолияташон таманно менамоем.
Ваҳҳоб Набиев, доктори илмҳои таърих, профессор
Иброҳим Ҷабборов, номзади илмҳои таърих, дотсент
Саидқул Маҳкамов, Муҳаммадизода М. омўзгорони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров