Мо Ватани худро посбонӣ мекунем!!!

Имрўзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди ҲНИ ва дигар гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки аз нооромиву беамнии кишвари мо ҳарф мезананд. Худ дар ҳамин Ватан калон шудаву аз обу ҳавои он нафас кашида, имрӯз ба алайҳи он санги маломат мезананд. Ин аз бефарҳангиву бемаданиятии чунин шахсон аз ҷумла ба мисли Муҳиддиин Кабирӣ ва хоҷагону пайравонаш дарак медиҳад. Шахси комил ва соҳибақл наметавонад ба алайҳи Модари хеш чунин кунад. Ватанро имрӯз бузургонимо ба унвони модар ташбеҳ додаанд, ки дар воқеъ дуруст аст.

Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинадфардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрӯз бисёри аз чунин шахсон дастгир гардида, дар назди қонун ҷавоб гуфа истодаанд.

Мақсади чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористи аз он иборат буд, ки миллати тоҷикро пароканда намуда, худ дар сари қудрат нишаста, хунхориро нисбат ба халқ раво бинанд.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ бешубҳа аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ба роҳ монда шудаст, ки ин кишвари Эрон ба ҳисоб меравад. Ба хусус ҳамаи он харобкорӣва кушторҳое, ки дар солҳои нотинҷӣ алайҳи миллати мо сар зада буд, бо дастгириии кишвари Эрон ва даст доштани ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб мерафт. Чунин шахсон фикр мекунанд, то охир ба мақсадҳои ғаразноки худ мерасанд. Албатта хатои бузург хоҳанд кард.

Мо имрӯз фаъолият ва суханҳое, ки ин нафарон берун аз кишвар нишаста чун тарсуҳо сухан мегӯянд маҳкум намуда, бар алайҳи чунин нафарон то ҷон дар бадан дорем, баҳри пешрафт ва гул -гул шукуфоии ватани азизи хеш саҳм хоҳем гузошт. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

АҲЛИ ҶОМЕАИ ДОНИШГОҲ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ