Мо набояд дубора гумроҳ шавем!
Вақтҳои охир дар расонаҳои иттилоотӣ махсусан расонаҳои интернетӣ масъалаи босмачиҳо тезутунд муҳокима мешаванд.Мисоли гуфтаҳо имрўзҳо дар сомонаҳои интернетӣ аз тарафи хоинони ватан босмачиёнро ҳимоя мекунанд. Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ дар асарҳояшон дар бораи киҳо будани босмачиён ба мо маълумот додаанд. Дар ин мақолаҳо хусусияту шахсияти ин босмачиҳоро муайян карданд: дузду ғоратгару одамкуш будани онҳо маълум гашт. Бо амалҳои зишташон ба гурӯҳи хурде барои манфиатҳои муайян такя мекарданд. Бинобар ин аз таърих ба мо маълум аст, кидар ибтидои асри ХХ ҳаракати босмичигарӣ зуҳур намуд. Босмачиён – ҳамон авбошоне буданд, ки таҳти шиорҳои динӣ мардуми осоиштаро ғорат намуда мардумро хонавайрон мекарданд.
Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар мамлакатҳо ба шарофати чунин ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷ гирифта, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз ақидаҳо мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Чи хелеки профессор Усмонов такид карданд «. Вақте ки бо худамон онҳоро муқоиса мекунам, шод мешаваму розиву қаноатманд, ки давлати шӯравӣ пирӯз шуд. Ин давлат ба мо имконияти обод кардани Ватанро дод». Дар ҳақиқат то давраи ҷорӣ шудани Ҳокимияти Шўравӣ мардуми оддии Аморатӣ Бухоро саводнокияшон дар дараҷаи паст буд.Ба гуфтаи устод Айнӣ барои мо давлат, мактаб, беморхона, марказҳои тиббӣ зарур буд, ҲукуматиШӯравӣдод. Бо шарофати ислоҳоти Ҳукумати Шӯравӣ дар Аморати Бухоро мактабҳои типи нав кушода шуда барои саводнок кардани мардуми оддӣ ва омўхтани илмои дунявӣ мусоидат намуд. Дар даврони Иттиҳодӣ Шўравӣ ҳазорҳо корхонаҳои хурду бузург мактабу беморхонаҳо сохта ба истифода дода шуд.
Дар даврони соҳибистиқлоли ҳам Федератсияи Русия ҳамкори стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта девизияи 201 ин мамлакат барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон аз воридшавии маводи мухаддир яроқу аслиҳа ва террористон ёри медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро таъкид карданд, ки: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.Мо набояд ба суханҳои бардуруғи хоинони ватан, ки берун аз кишвар истода оромиву суботи кишварро дида наметавонанд гўш андозем. Зеро онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш роҳу усулҳои зиддиинсониро истифода мебурданд. Маҳз барои ҳамин мардум, махсусан ҷавонон, бояд ҳушёр бошанд. Касе ҷонибдори босмачигарӣ аст – ҷонибдори ҳаракати «Давлати исломӣ» аст, ки намунаашро мо дар Ироқу Сурия мебинем. Дубора набояд мардум гумроҳ шавад. Мо бояд истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Саркорбобоева М.- муаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ