Мо халқи огоҳу боҳушем......

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон, озодии виҷдон, яъне озодӣ, пайравӣ ба динро муҳайё намуд. Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ бештар муҳайё гардад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсиву мафкуравии онҳо инкишоф ёфта, доираи ҳуқуку озодиҳои онҳо васеъ мешавад.

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернет нафароне фаъолият мебаранд, ки худро бо ном рӯзноманигору журналист номида, бо мақсади дар ҷомеа иғвоандози дар саҳифаҳои рӯзномаву расонаҳои интернетӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна суханҳои бардурӯғ менависанд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ин шахсон бояд ҳаминро дарк намоянд, ки онҳоро қувваҳои бегона барои манфиати худ истифода мебаранд ва ҳамин ки онҳо ба мақсади нопоки худ мерасанд, онҳоро аз хотир мебароранд.

Аз ин лиҳоз ба ин шахсони мутаҳамму беинсоф, гуфтанием, ки сухангӯиву иғвоангезандаи беасоси худро хотима дода, хулосаи даркорӣ бароранд ва ҳаминро нағз ба эътибор гиранд, ки халқу миллати тоҷик дигар фирефтаи ингуна шахсони хоину беватан, беинсофу беадолат намешаванд ва ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мерасанд. Аксарияти халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири худро дар бунёди давлати дунявӣ мебинад, бинобар ин ҳеҷ шахс ё гурӯҳ ҳуқуқи бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ, иродаи ғоя ва тарзи зиндагии худро ба мардум бор кардан ва ё ҷорӣ карданро надорад. Дар ҷамъият ақидаҳои гуногун, динҳои мухталиф, рӯзномаву маҷаллаҳо озодона, фаъолият карда метавонанд, танҳо ба шарте, ки мухолифи қонуни давлат ва сохтори он набошанд.

Пас дар шароити мураккаб ва печидае, ки имрeз сайёраро фаро гирифтааст, вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама як дилу якмаром паҳлӯ ба паҳлӯ истода, пайи ободиву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем. Дар асл худшиносу ватандӯсти асил бошем ва фирефтаи ҳаргуна дасисабозиҳои ТЭТ ҲНИ ва гурезаву хоинони давлату миллат нагардем. Чунки имрeзҳо намояндагони он аз берун истода кӯшиш намуда истодаанд, ки оромиву осудагии мамлакати моро халалдор созанд. Аммо онҳо ҳаминро бояд дарк кунанд, ки мо аз таърихи талхи гузаштаи начандон дури худ сабақи даркорb гирифтаем ва дигар фирефтаи суханҳои иuвоангезандаи ин гурeҳҳои xиноятпеша намешавем

Фирӯза Қодирова- сармуаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ