Мо бояд муттаҳидии худро аз даст надиҳем

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки осоиштагии аҳли ҷомеа ва тамини онродар ҷои аввал мегузорад. Доир бамасъалаҳои мубрами рӯз борҳо аз минбарҳои баланд ба аҳли башар аз тарафи роҳбари давлат гӯшрас гардидааст, кимуқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва тариқи зулму зӯрӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки вайрониву вайроншавии давлатҳо инчунин бесарусомонии инсоният оварда мерасонад.Мо инро дар мисолиҷанги беохири Фаластину Исроил Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳои дигар дар мамлакатҳои дигари Араб дида метавонем, ки то имрӯз, роҳи ҳалли худро наёфтааст.

Аммо мутаассифона санаи 8 январи соли равон дар маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Боткон хонаи истиқомати дар боғаш ки даҳсолаҳо қалб бунёд кардааст, истиқоматкунандагонӣ ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Нарзхулло Абдуллоевро оташ задаанд, ки дар натиҷа боно фурӯ рафта аз истифода тамоман баромадааст.

9 янваари худи ҳамин сол боз як ҳодисаи мутҳиш , ки соати 21.20 аз тарфи шаҳрвандони Қирғизистон бе сабаб ба мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоқикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Зафар Аъзамов мавриди сангборон қарор гирифта шишаи онро шикастаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин ҳодисаҳои нохуш дар даҳрӯзаҳои аввали соли нави милодӣ ба вуқӯъ омада аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст. Ин амалҳои иғвогаронаро инчунин муноқишаҳои сокинон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистонро мо ҳамватанони азиз сари вақт пахш бояд намоем, зеро аз тарафи иниғвогароӣ онҳо фазои давлати моро ноором гардонида истодаанд.Аз тарафи Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ЭмомалӣРаҳмон тамоми чораҳоли зарурӣ андешида шуда истодаанд.Пеши роҳи ин ашхосонро гирифта мо бояд боз як бори дигар вафодорӣ ба халқу миллати хеш будани худроба аҳли ҷомеа нишон диҳем.

Инбоз як бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки гурўҳҳои ифротгаро танҳо ба манфиати худ амал менамоянд. Ҷавононро гумроҳ намудан мехоҳанд. Аз тамоми мардуми кишвар махсусан ҷавонон хоҳиш менамоем, ки ҳушёриву зиракро аз даст надодаба доми чунин хиёнаткорон ва мардумфиребон дода нашаванд. Барои гулгулшукуфии Ватани азизамон бо донишу тафаккур ва муттаҳидӣсаҳми худро гузоранд.

Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҷӯраев М. Б.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ