Мизи мудаввари Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ

Бо иштироки ҳайати Шӯрои олимони ҷавони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мизи мудаввар таҳти унвони «Паём раҳнамои ҷавонон ба ояндаи дурахшони кишвар» доир гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар доираи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои некӯаҳволӣ ва маърифатнокии ҷавонон ибрози андеша намуд.

Сипас, олимони ҷавони донишгоҳ, докторантон нуқтаву назари хешро баён намуда, зикр доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат инъикоскунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, омили асосии таъминкунандаи сулҳу субот ва оромии ҷомеа, рушди устувори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ ба шакли китоб нашр сохтани фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба Паёми Президенти кишвар дар нақша доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ