Меҳри падарона!
Дар моҳҳои охир дар Интернетҳо ҳар сари чанд вақт наворҳои видеоии даҳҳо нафари саропо мусаллаҳ нашр мешаванд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд ва ҳатто ҳам дар навори ахири телевизиони тоҷик ҳам аз он изҳори нигаронӣ шуда, ки “ҷавонони гумроҳ қурбони дасисаву иғвои ашхоси ҷангҷӯ мешаванд”. Таасуфовараш дар он аст, ки ҷавонони тоҷик дар ин ҷанги бемаъно қурбон мешаванду фарзандони онон ятиму сарсону овора дар ҷаҳон мегарданд. Дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон сарварони он асосан бо майли сармоядорон ба ин ё он амал даст мезананд ва аз он ҷилавгирӣ менамоянд. Ҳатто барои эътибор ба халқи оддӣ, хусусан ниёзмандон ва ятимону бепарасторон намехоҳанд вақти зиёдатиашонро сарф намоянд.
Давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик аллакай бо ҳисси эҳтиром ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон ва табақаи ниёзмандон қоил шудаанд. Зеро, гуфтаҳои ин шахси мӯътабар “Шумоён худро бепадару бекас ҳис накунед, чунки давлат ва шахсан ман саробони доимӣ ва аз номи давлат падари ғамхори Шумо мебошам” ҳар як фарди ба ору номусиҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои муаззами миллат нисбати бунёд, таъмиру тармими хонаи кӯдакону ятимон, хона – интернатҳо ва ғайра шаҳодати он аст, ки он кас ҳамеша ғамхору некхоҳ ба ятимон мебошанд.
Шунидани хабари тоза оид ба иқдоми инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани зиёда аз 80 нафар фарзандони ҷангҷӯёни дар муноқишаҳои Сурия ҳалокгашта барои мардуми шарифи тоҷик хеле муассир буд. Зеро, танҳо абармарди ватандӯсту инсонпарвар, некхоҳу шарафманд қодир ба чунин амал мебошад. Бояд қайд кард, ки дар дарёфт намудан, сарҷамъ кардан ва аз вартаи ҷанг раҳо намудани ин нафарони бегуноҳ кори хеле ҳам заҳматталаб аст, ки онро кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ ба анҷом расонидаанд. Ин амали шоиста гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарияти олии кишвар ҳамбасту ҳамқадам аст ва ҳамеша ғояҳои олии инсониро пайгири менамояд. Шаҳодати он аст, ки мардуми шарифи тоҷикистонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ менамоянд, онро маъқул медонанд ва ҳамеша барои татбиқи он омода ба меҳнати созанда мебошанд.
Декани факултети геоэкология, дотсент Аминов М.Ҳ.