Мардумро гумроҳ кардан осон нест!!!
Чуноне, ки аз сомонаи интернетӣ, аз видеое, ки хабаргузорони “СуғдНюс” огаҳӣ пайдо намудем, рӯзи гузашта як гурӯҳ сокинони пойтахт зидди ҲНИ ва роҳбари хиёнаткори онМ.Кабирӣ эътироз нишон додаанд. Албатта мардуми сулҳпарвару ватандӯст намехоҳанд, ки ин гуна гурӯҳҳои нохалаф ва шахсони ватанфурӯш оромӣ ва сулҳу суботро халалдор намоянд.
Эътирозгарон, ки имрӯз модар-зан, падар ҳастандба гумроҳшавии фарзандони худ ва нооромии ҷомеа зиданд ва мехоҳанд, ки аъзоёни ҲНИ мамнӯъ дар назди қонун ҷавобгӯ бошанд. Он ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 90-ум ҷони бисёр мардуми бегуноҳро талаф доду ҳазорҳо оилаҳоро бесаробону кӯдаконро бе падару модар гардонд халқи меҳанпарастро дилгир кардааст. Онҳо намехоҳанд, ки дубора кишвари маҳбуби мо оғӯштаи хуни мардуми бегуноҳ гардад.
Мардуми кишвар кайҳо дарк кардаанд, ки ҲНИ ва аъзоёни он ҳама сар то сар хоинони ватананд ва ба ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми кишварро гумроҳ сохта оромии ҷомеаро халалдор созанд.
Ин гуна эътироз моҳи сентябри соли 2016 низ ба вуқӯъ пайваста буд ва дар он низ як гурӯҳ занону ҷавонон иштирок доштанд. Ва бо шиору оташзании расми роҳбари ҳизб М.Кабирӣ ва шиорҳои гуногун нишон доданд, ки зидди ҲНИ ва аъзоёнаш ҳастанд.
То он даме, ки аъзоёни ҲНИ ва роҳбари хоини ватан он М. Кабири дар назди қонун ҷавоб надиҳанд мардум орому осуда буда наметавонад. Мардумро,халқи ватандӯсти моро гумроҳу фирефтаи ақидаҳои нопок кардан ғайриимкон аст.
Исмоилова М.-
омӯзгори кафедраи
умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ