Мардуми Тоҷик хоҳони Сулҳ аст!

Аз таърихмаълум аст ки миллати тоҷик халқи инсондӯсту сулҳпарвар аст. Лекин мутаасифона имрӯзҳо афродҳое пайдо мешаванд, ки пешравии давлату халқро дида наметавонад ва нисбати мардуми тоҷик туҳмату ҷангҷӯи мекунад.

Тӯли чанд моҳ аст ки дар марзи кишвари азизамон ва минтақаҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон нофаҳмиҳо ва тирпарониҳои пай дар пай шуда истодааст. Ин воқеа санаи 16 сентябр бегаҳи сар зада аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғисистон дар ҳудуди ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд тир парронида шудааст. Дар натиҷа якчанд нафар кушта ва захми аз тири душмани дӯстнамо ҷон ба ҷаббор супориданд. Ин тир захме буд ба дӯстии ҳазорсолаи ин ду сокинони минтақа ва мардуми тоҷик,ки имрӯзҳо якчанд ҷавонмардони бошуҷоъи миллатро аз даст додаанд.

Мо ҳамдардии худро ба оилаҳое ки наздикону пайвандони худро гум кардаанд изҳори ҳамдарди намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.

Имрӯзҳо бо тариқи гуфту шунид яъне дипломатитамоми проблемаҳоро ҳал кардан мумкин аст, пас чаро бо баҳонаҳои ночизе баъзе нохалафон ҷонидигар инсонҳоро мегиранд ё ба кӯчаҳои сарсони мебаранд. Бо ин тариқ рафтору кирдорҳои ғайриинсониашон онҳо аз набудани фарҳангу маданияти мардум далолат медиҳанд.

Кафедраи умумидонишгоҳии Фарҳангшиносӣ муаллима Абдуллоҷонова М.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ