Мақсади асосии мо сулҳ аст!
Асосгузори сулху Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари кудрат омаданашон барои таҳими сулҳу субот ва амнияти миллӣ саъю талошҳои зиёде ба харҷ медиханд.
Дар хамон замоне, ки Тоҷикистони тозаистиклол қадамхои хешро барои ба сулҳ расидан мемонд, гурӯҳҳои зиёде мехостанд, ки ба он монеа шаванд. Аммо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар дилу хуни хар як шахрванди бонангу номуси кишвар ҷой гирифта, ин монеагирихоро паси сар намояд.
Акнун, ки имруз мо сулҳро дар Тоҷикистони азизамон пойдор кардем, бархе аз гурӯҳҳои ифротӣ чун ТТЭ ҲНИ мехоханд, ки ба сулху ягонагии миллат монеа эҷод намоянд.
Гуфтан чоиз аст, ки тибки эълони Кумитаи шахрвандии начоти гаравгонхо ва зиндониёни сиёсии Точикистон (КШКГЗСТ) имрӯз дар рӯ ба рӯи Сафоратхонаи Чумхурии Точикистон дар шахри Берлин, пойтахти Олмон гирдихамоии бузурге дар нақша доштанд.
Тибки эъломияи матбуотии КШКГЗСТ максад аз гузаронидани ин гирдихамоӣ ин талаб кардани озодии зиндониёни сиёсӣ: вазири собики саноат Зайд Саидов, муовини рохабри ХНИТ Мухаммадалии Хаит ва вакили дифоъ Бузургмехр Ёров аз Хукумати Чумхурии Точикистонба воситаи Созмони Миллали Муттахид аст.
Чи хеле, ки ба хамаи мо маълум аст, СММ созмонест, ки барои сулх дар тамоми чахон мубориза мебарад ва максади ташкил шудани ин созмон баъди Чанги дуюми чахон асосан барои хамин матлаб равона карда шуда буд. Албатта эъломияи хукуки башар (аз 10 декабри соли 1948) озодии инсонро эътироф менамояд, аммо нисбати он шахсиятхое, ки дар хакикат ба ин чиз сазовор хастанд ва барои манфиати чомеа кушиш мекунанд.
Бояд зикр кард, ки он шахрвандонеро, ки КШКГЗСТ талаби озод кардан намудааст (Зайд Саидов, Мухаммадалии Хаит ва Бузургмехр Ёров), корхои ношояме нисбати давлати худ,инчунинсуйистифода аз мансаби хеш карда ба сиёсат, иктисодиёт ва хатто бучаи давлатӣ зарари манфӣ расонидаанд ва барои хамин чиноятхои содирнамудаи худ махкум гардиданд.
Талаб кардани фехристи кушташудахо ва захмихои зиндони раками 3/3 Хучанд аз тарафи онхо низ ғайриимкон буда, он амалхое дар он чо гузаштанд ин пеш аз хама барои тахкими амнияти шахрвандон ва оромии дар чомеа буда набояд мардумро халалдор созад.
Нисбати дархости он, ки дигар мамлакатхо ба Точикиситон кумакхои худро катъ намоянд, чунин гуфтан чоиз аст, ки Точикистон давлатест, ки сиёсати сулхчуёнаро пеш гирифтааст, ки дар хар як баромади худ нисбати ин масъала Сарвари давлат Эмомалӣ Рахмон таваччухи хоса зохир менамоянд ва дигар мамлакатхо низ ин чизро дарк намудаанд.
Он мамлакатхое, ки бо мо робитахои дипломатӣ, иктисодӣ, фархангӣ ва ғайра доранд, худ шохиди онанд, ки мардуми сарбаланди точик дар охири карни гузашта ба чи кадар мушкилихо рӯ ба рӯ шуд ва имруз, ки мо ба Вахдати миллӣ расидем, бояд ки ба кадри ин неъмати бебахо, ки сулх ном дорад бирасем ва чун гавхараки чашм нигох дорем, нагузорем, ки ягон гуруххои беруна вахдати моро халалдор созад.
Абдуллоева Азиза Равшановна- сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ ва фархангшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров