Мақсад рушд бахшидани ҳама соҳаҳо на иғвоангезӣ....
Ҳамзамон соли чорум аст, ки бо мақсади рушд бахшидани ҳама соҳаҳо, ифшои камбудиҳо, таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни «Хомаи созанда» гузаронида мешавад, ки тавассути қалами сеҳрофарини рӯзноманигорон камбудиҳои ҷомеа ошкор ва масъулияти роҳбарон баланд бардошта мешавад. Баргузории нишасти матбуотӣ низ қадаме ба пеш барои тантанаи озоди сухан аст. Ва роҳбарон муаззаф ҳастанд, ки ба ҳамаи саволи журналистон посухи воқеӣ диҳанд. Вокуниш нишон додани роҳбарон низ ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо Илҳом Ёқубов, ки шояд дар асри 23 парвоз дорад, ин ҳамаро нодида мегирад. Вале баҳогузории як нафаре, ки аз кӯчаи журналистӣ нагузаштаасту санги маломат ба сари журналистон мезанад, аз рӯи камоли одоб нест. Аксари нашрияҳои хусусие, ки ба гуфти Илҳом Ёқубов фаъолияташон қатъ шудааст ба мушкилии молӣ рабт дорад на ин ки фишору сензура.Тасаввур кунед, ҷаҳони иттилоот торафт доман мекашад. Имрӯз хабаргузории интернетпорталҳо рушд ёфтааст. Ба шакли электронӣ нашр шудани нашрияҳо низ дар мӯд аст. Иқрор ҳам бояд шуд, ки мардум дар қиёс ба газетаҳо бештар рӯ ба телевизион таваҷчуҳ доранд, пас муассис маҷбур мешавад, ки фаъолияташро қатъ созад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон кард ва гуфт, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи ӯ, танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад.
Аммо Сарвари давлат дар идомаи суханаш таъкид кард, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуд, ки ВАО аз чопи маводе худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд. Ба андешаи ман се омили таъмингари озодии баён мебошад. яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ. Маҳз аз дидгоҳи ҳамин рисолат журналист бояд кору фаъолият намояд. Илҳом Ёқубовро мебояд пайгирӣ дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст на бозичаи дасти дигарон шудан.
Омӯзгори кафедраи фалсафа