Мақоми адабиёт дар раванди ҷаҳонишавӣ

Адабиёти ҳар миллате яке аз унсурҳои муҳими ифодакунандаи афкору андешаи он миллат ба шумор меравад. Адабиёти тоҷик ба унвони беназиртарин адабиёт, муаррифгари андешаҳои солиму созанда ва башардўстонаи фарзандони фарзонаи он ба ҷаҳониён аст, ки гўяндагонаш ҳамвора ҳамдиливу меҳрубонӣ ва оромишу суботи оламро талқин менамуданд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷўҳ ба адабиёт ва фарҳанги миллӣ беш аз ҳар вақти дигаре ниёзи ҷомеа мебошад. Зеро таҳоҷуми фарҳанги бегона имкон дорад, ки бедорӣ ва ҳуввияти миллии халқҳоро аз байн барад ва мафҳумҳои арзишманде аз қабили забон, фарҳанг, Ватан, миллат ва амсоли инро барои насли ҷавон беарзиш ҷилва диҳад, ки хатари бузурге барои амнияти миллӣ дорад.Набояд фаромўш кард, киин мафҳумҳо муқаддас дар назди ниёгони мо ҳамеша гиромӣ будаанд ва далели онро метавон дар ашъору осори эшон возеҳу ошкор мушоҳида кард. Дар тўли таърихи мавҷудияти миллати тоҷик касе натавонистааст, ки миллати бофарҳанги моро инкор намояд, агар талошҳои хеле зиёде дар тўли таърих сурат гирифтааст. Далели аслии он фарзандони донишманд ва шуҷоъ ва шоирону нависандагони бузурге мебошанд, ки осори эшон ба унвони сипари муҳкаме дар баробари тадлиғоти нодурусти бегона истодагӣ кардааст. Фирдавси бо шиори маъруфи худаш вақте мегуфт:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ин паём дар дили ҳозорон тоҷик ҳисси мардонагиву шуҷоатро бедор месохт то Ватанашро аз бегонагон ҳифз намуда, амнияти кишварашро аз ҷонаш ҳам муқаддас дорад. Адабиёти тоҷик ба унвони ғизои маънавии гузаштагони мо дар вуҷуди онҳо ҳисси ватандўстиву ватанпарастиро пайваста тараннум менамудааст.

Тақрибан ҳамаи шоирони тоҷик ба масъалаи амнияти миллӣ ва ҳамдилӣ дар осрашон таъкидҳои фаровон доштаанд ва онро ба унвони як мавзўи муҳим баррасӣнамудаанд.Мазомин ва мафоҳими бештари ашъори классикони мо тарғиби амнияту субот ва ҳамдиливу ҳамзистӣ ба шумор меравад. Ин мафҳум бештар бо мафҳуми ваҳдату иттиҳод миёни мардум дар шеъри форсӣ корбаст гардидааст.

Яке аз шоирони бузурги мо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар китоби хеш «Маснавии маънавӣ», ки муаррифгари фарҳангу тамаддун ва адабиёти ғании мо дар арсаи ҷаҳон мебошад,тарғиботи зиёде ба масъалаи амнияту субот ва ҳамдилӣ намуда, тафриқа ва ифротгароиро бо тамсилҳои бисёр зебое маҳкум кардааст. Вай омилони тафриқаро бебаҳра аз « руҳи инсонӣ» дониста, онҳоро баҳравар аз «рўҳи ҳайвонӣ» мепиндорад, ки аз имтиёзи инсонӣ бархурдор нестанд ва мисли «сафоле ҷомид»-анд:

Тафриқа дар рўҳи ҳайвонӣ бувад,

Нафси воҳид рўҳи инсонӣ бувад.

Руҳи инсонӣ «канафсин воҳид» аст,

Руҳи ҳайвонӣ сафоли ҷомид аст.

Ақл ҷуз аз рамзи ин огоҳ нест,

Воқифи ин сир ба ҷуз Аллоҳ нест.

Аз дидгоҳи Мавлавӣ инсони ҳақиқӣ он аст, ки руҳи инсонӣ дошта бошад ва бо инсонҳои дигар пайваста дар дўстӣ ва ҳамдилӣ бошад ва амнияти касеро дар хатар наандозад ва ба касе озору азият нарасонад ва ин ҳикматро танҳо касоне, ки аз ақли инсонӣ баҳра доранд метавонанд дарк кунанд.

Ҳофизи Шерозӣ низ дар Девони худ таъкидҳои фаровоне бар масъалаи амнияту субот ва ҳамдилии байни инсонҳо дорад. Вай мегуяд:

Мабош дар пайи озору ҳарчи хоҳӣ кун,

Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

Яъне меҳвари тамоми бадбахтиҳо ва гуноҳони бузург ин озор расонидан ба мардум ва барҳамзадани амнияту субот дар ҷомеа ҳаст. Мегўяд ҳар коре, ки мехоҳӣ бикун, аммо ин нуктаро мадди назар дошта бош, ки зарар ба мардум нарасонӣ. Ҳофиз хеле моҳирона ва дар зеботарин шакл фикрашро баён доштааст. Дар воқе мардумозорӣ сарчашмаи тамоми нобасомониҳост. Вақте инсон аз мардумозорӣ даст мекашад ва ба инсонҳо дар фазои дўстиву бародарӣ зиндагӣ мекунанд дигар кори баде аз ў сар намезанад, зеро ҳар кори баде дар дунё натиҷааш ба озори мардум хатм мешавад. Ҷойи дигар бо андешаи риндонаи худаш фаротар рафтава мегўяд:

Май бихур мусҳаф бисузу оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.

Намехоҳад гўяд, ки ту бирав мусҳафро бисуз ё оташ дар Каъба андоз, балки мехоҳад гўяд, ки бадтарин гуноҳҳо ва бузургтарини айбҳо ин мардумозорист, ки ҳатто аз сўзонидани чизҳои муқаддас ҳам гуноҳаш бештар аст.

Ҳофиз мегўяд ҳеч амале дар дунё бидуни посух намемонад. Агар аъмоли баде аз ту сар зад мутамаин бош, ки дер ё зуд он амали бади ту аз ҷониби касе ошкор хоҳад шуд. Вай барои касоне, ки фикр мекунанд аъмоли бади онҳо гўё ҳамеша пинҳон мемонад, бо тамсили бисёр зебое рафтор ва пиндори ононро ба тире ташбеҳ мекунад, ки пас аз раҳо шудан аз камон чанд масофаеро тай мекунад, вале саранҷом ҳатман ба замин меафтад:

Ба болу пар марав аз раҳ, ки тири партобӣ

Ҳаво гирифт замоне, вале ба хок нишаст.

Ҷойи дигар андешаашро тақвят дода худкомагиро нишони бадбахтӣ ва сабабгори аслии барҳамзадани оромиш медонад ва таъкид мекунад, ки одами худкома кораш охиру оқибат ба бадноми кашида хоҳад шуд:

Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,

Ниҳон кай монад он розе, к-аз ў созанд маҳфилҳо.

Масъалаи созиш ва мадоро дар осори Ҳофиз ҷойгоҳи махсус дорад. Вай таъкид мекунад, ки одамон бояд бо якдигар мудоро ва муросо дошта бошанд то амният ва субот дар ҷомеа халалдор нагардад. Вақте амнияту субот дар ҷомеа халалдор гардид, ҳама бо ҳам дар оташи бало хоҳанд сўхт. Аз ин рў, шоир дар ҳама ҳолат ҷангу ҷидол ва ҳар чизе, ки боиси барҳамзадани оромиш мешавад ҳатто агармаломат бикашад, ба хушӣ ва оромиш даъват мекунад:

Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,

Ки дар тариқати мо кофарист ранҷидан.

Вай мардумро ба сабру бурдборӣ даъват мекунад, чунончӣ:

Агар дашном фармоӣ вагар нафрин дуо гўям,

Ҷавоби талх мезебад, лаби лаъли шакархоро.

Барои оромиш ва барҳам нарехтани амният, агар дашном ҳам бишнавӣ, боз ҳам бояд сабр кард ва гуфт «ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро». Ин мисраъ нишондиҳандаи таваҷҷўҳи бисёр зиёди Ҳофиз ба масъалаи оромиш аст.

Ё ҷойи дигар мегўяд:

Ҳофиз аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,

Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост? .

Агар як падидае туро нороҳат кард, зуд ба хотир он чизи камарзиш амнияти ҷомеаро набояд барҳам занӣ вабарои хоҳиши худат ва ё манфиати як гуруҳи муаян кореро кунӣ, ки оромиши ҷомеа барҳам зада шавад. Бо ибораи дигар одам агар камбудие дар зиндагиаш ба вуҷуд омад, набояд ба хотири он коре кунад, ки оқибат ба барҳамзадани назми ҷомеа шавад. Сабр бояд кард, ки бо гузашти замон ҳамачиз дуруст хоҳад шуд:

Даври гардун гар ду рўзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махур.

Агар мехоҳи сустӣ ва сахтии ин ҷаҳон барту бигзарад, бояд иродаи қавӣ ба даст орӣ ва дар талош бошиву кор кунӣ ва ҷомеаи худро обод созӣ ва аз гуфтани ҳарфҳои зишту нораво парҳез кунӣ.

Хоҳӣ, ки сусту сахти ҷаҳон бар ту бигзарад,

Бигзар зи аҳди сусту суханҳои сахти хеш.

Муҳимтарин омили мадоро аз дидгоҳи Ҳофиз эҳтиром гузоштан ба андешаҳои солим аст. Агар инсонҳо ба андешаҳои хуби якдигар эҳтиром гузоранд, ҷомеа ба оромиши комил даст хоҳад ёфт. Барои ҳамин ҳам мегўяд:

Биё ки навбати сулҳ асту дўстиву вифоқ,

Ки бо ту нест маро ҷангу моҷаро Ҳофиз.

* * *

Шайхам ба тира гуфт, ки рав тарки ишқ кун,

«Муҳтоҷи ҷанг нест бародар, намекунам»

Ишқ аз диди Ҳофиз бисёр чизи муқаддас аст ва арзише, ки ишқ дар назди шоир дорад ҳеҷ чизе ба он баробар намешавад. Аммо агар касе ба Ҳофиз ҳатто ҳамин масъаларо ҳам гуфт, ки ту ин корро накун Ҳофиз ба хотири он ки амният ва субот ба ҳам нарезад аз ин кор даст мекашад ва мегўяд, «ҳоҷати ҷанг карданат нест, дигар ишқбозӣ ҳам нахоҳам кард модоме, ки ту аз ин кор барои тафриқа ва барҳамзадани амният мехоҳи истифода намоӣ. Ва дар ҷои дигар ҳамин андешаро тақвият додаву мегўяд:

Як ҳарфи сўфиёна бигўм: Иҷоза ҳаст?

Ин нури дида сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!.

Аз баррасии анҷомшуда метавон ба натиҷае расид, ки дар ашъори классикони мо масъалаи амнияту суббот дар ҷойи аввал қарор дошта, ҳифзу нигаҳдории ин неъмати бебаҳо бо ҳар қимате, ки набошад арзиш дорад. Аз ин рў, мо пайравону ворисони ин ниёгони бузургро мебояд барои оромиву осудагии кишварамон ҳарчи аз дастамон ояд анҷом диҳем, зеро пешрафти модииву маънавии ҷомеа аз амнияту суббот дар кишвар вобастагӣ дорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ