Хиёнаткорӣ аз хиёнаткорон
Имрўзҳои дар васоити ахбори омма – рўзномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ бобати ҳаркатҳои босмачигарӣ андешаву ақидаҳои гуногун интишор меёбанд, ки баъзе аз онҳо пур аз ғалат, таҳриф ва тарғиботи сохти кўҳнапарасӣ, ифротӣ мебошад.
Ба мулоҳизаи шахсияти номаълум бо тахаллуси Дориюши Раҷабиён, ки нисбати суханронии охирони профессор Иброҳим Усмонов оид ба ҳаракати босмачигарӣ дар сомонаи интернетии Фейсбук рўи чоп омадааст, аз шакли баён, факту рақамҳои овардашуда гувоҳи бесаводӣ ва ғаразу бадбинӣ нисбат ба таърихи гузаштаи мо мебошад.
Босмачигарӣ сирф ҳаракати иритиҷоӣ ва миллатчигӣ буда, тарафдорони он асосан муллоҳои ифротгаро, тундрав ва зархаридони Эрону Туркия ба ҳисоб мерафтанд, ки на барои ҳифзи марзу бум, балки бо мақсади ба даст даровардани мансаб ва татбиқи зулму ситам ба мардуми бечора мубориза мебурданд. Маҳаки асосии идеологии босмачиёнро панисломизм, пантуркизм ва миллатчигии буржуазӣ ташкил медод.
Ҷанги шаҳрвандие, ки дар таърихи Тоҷикистони навин бо воқеаҳои номатлуби солҳои 90-уми асри ХХ сабт гардидааст, маҳз аз ҷониби муллоҳои иртиҷоӣ ва зархарид оғоз гардида буд. Мардумро ба гурўҳу майдонҳо ҷудо карда ба дасти ҷавонони содалавҳи нодон яроқ дода бо ваъдаҳои пур аз дурўғ мегуфтанд, ки «Зафар биёбӣ, ғозӣ мешавӣ, бимирӣ шаҳид мешавию рост ба ҷаннат меравӣ». Магар ин шакли босмачигарии охири асри ХХ ибтидои асри ХХ1 нест.
Танҳо бо шарофати хизматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу оромӣ дар кишвари мо ба вуҷуд омад ва пойдор мебошад.
Ҷомеаи факултети таърих ва ҳуқуқ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки мақсадҳои хиёнаткорона, беасос, ғаразнок, иртиҷоӣ, буздилона ва ғайра, ки бо сардории Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў ба монанди Дориюши Раҷабиён ва дигар косалесонаш сурат мегирад, бештар ошкор гардад ва амалу рафтори муғризонаи душманони миллатро якдилона маҳкум менамоянд.
Изҳороти ҷомеаи факултети таърих ва ҳуқуқ ба мулоҳизаи
Дориюши Раҷабиён нисбати суханронии охирони профессор Иброҳим Усмонов