Хавфи ҷадид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” сурат мегирад.
Бинобар ин, агар дар бисёри ҳолатҳо афроди тафриқаангез ба ҳадафҳои нопоки худ нарасанд ҳам, то як андоза метавонанд, миёни аҳолии осоишта ҷунбишу таҳлукаеро ба вуҷуд биёваранд. Вале хоинони миллати тоҷик ва гурӯҳҳои ифротӣ як нуктаи хеле муҳиму аслиро набояд фаромӯш созанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар доираи сиёсати кишвар фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремистӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона рӯз аз рӯз тақвияти тоза мебахшанд.
Раванди ҷаҳонишавӣ бо вусъати фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои муташаккили фаромарз, ҳимояи осудагӣ ва сулҳу суботро барои ҳар як шаҳрванди диёр бояд ба вазифаи аввалиндараҷа мубаддал гардонад. Зеро ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки шабакаи байналмилалии Интернет як майдони васеи судманд барои паҳн намудани ҳамагуна ақидаю мафкура мебошад, новобаста аз он, ки чунин фаҳмишҳо самараи мусбат ба бор меорад ва ё манфӣ.
Мардуми шарифи кишвар аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ-террористии ихвонулмуслимин огаҳӣ доранд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бо ингуна гурӯҳҳои террористӣ ва саркардагони гурӯҳи онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки зиёни хоинон ба Ватани маҳбубамон расад.
Кулли устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ зидди ин гурӯҳ ва ақидаҳои пучи онҳо буда, онҳоро ҳамчун ҳаракати террористӣ медонанд.
Аз номи устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ