Хатари терроризм ва экстремизм ба ояндаи давлату миллат
Мусаллам аст, ки таъмини сулҳу субот ва амният асоси пешрафти ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Мутаассифона зиёд шудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти давлату миллат эҷод мекунад, ки боиси нигаронист. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии созмондиҳандагони ин гуна гуруҳҳо бошад, ноил гардидан ба ниятҳои ғаразноки худ тавассути истифодаи зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти мардум, ба вуҷуд оврдани бенизомӣ, барангехтани ҳар гуна низоъҳо ва ғайра аст.
Имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои хатарноктарини замони муосир ба ҳисоб рафта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, барои пурра решакан намудани ин гуна амалҳои номатлуби замон кишварҳои ҷаҳонро мебояд, ки муттаҳид бошанд ва тамоми нерӯву имконияташонро барои аз байн бурдани он равона созанд.
Вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳону минтақа аз ҳар як мардуми бофарҳангу меҳанпараст талаб менамояд, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, терроризм ва экстремизм дучанд намояд, нисбати ояндаи давлату миллат бетараф набошад. Мо, ҷавонони кишвар воқеан нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳастем ва итминон дорем, ки ояндаи давлату миллат аз донишу кордонии ин қишри фаъоли ҷомеа вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки андӯхтани донишро дар соҳаҳои гуногун ҳадафи асосии худ қарор диҳем ва дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузорем.
Камолиддини Раҷабзод