Халқҳо бе дӯстӣ наздик буда наметавонанд!
Дар дар урфият мегӯянд, ки“Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур”. Ин гуфтаҳо дар тӯли таърих дар мисоли Тоҷикистону Қирғизистон исбот шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамзистии осоишта ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеш гирифта, кӯшиш менамояд дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои баҳсталаб, ба шумули масъалаҳои сарҳад, аз ҳама гуна зӯрӣ ва фишор худдорӣ намуда, ба мусолимати сиёсӣ ва гуфтушунидҳо афзалият диҳад.
Миллати тоҷик бо миллати қирғиз аз замонҳои қадим муносибатҳои хуби дӯстӣ, ҳамзистӣ, ҳамсоягӣ ва ҳатто хешу таборӣ низ доранд. Ин муносибатҳо дар тӯли таърих рушду нумӯъ ёфта, дар бахшҳои иқтисодиёт, фарҳанг, тандурӯстӣ, адабиёт ва умуман тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта истодаанд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки дар замони муосир, ки вазъи сиёсии олам тағйирёбанда аст ва минтақаи мо осебпазир арзёбӣ мешавад, раванди ҷаҳонишавӣ ба рӯзгори ин ду халқ таъсиргузор аст, ҳамдигарфаҳмӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад. Боис ба он мешавад, ки ин кишварҳои дӯст мавқеи хешро дар арсаи ҷаҳон устувор карда, ҷодаи рушду инкишофи босуръатро дарёбанд ва дар ин самт мададгору ёвари якдигар бошанд.
Ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон ва умуман дигар кишварҳои ҳамсоя имкон медиҳад, ки халқҳои тоҷику қирғиз арзишҳои миллии хешро инкишоф диҳанд, мафкураи насли ҷавонро аз таъсири унсурҳои бегона ва андешаи бегонапарастӣ ҳимоя созанд, ба ҷои он дӯстиву рафоқат, ахлоқи ҳамида, одаму одамгариро тарғиб намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба риштаи таҳлил мекашем, равшан мегардад, ки ӯ чун сиёсатмадори дурандеш, солимфикр ва хирадпеша нигоҳи васеъу фарох ба таърихи гузаштаи ҳамсоягӣ андӯхта, беҳтарин таҷрибаро дар фаъолияти сиёсиаш корбаст мекунад. Ба ин васила аз таърихи миллии сиёсатмадорӣ, ки аз оғози таърих то ба имрӯз ҳосил шуда, дар хеш таҷрибаҳои нодирро маҳфуз медорад, истифода мебарад.
Аз як сӯ сиёсати берунии имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламонро ба сатҳи зарурӣ мебарорад ва аз тарафи дигар ба ҷаҳониён собит месозад, ки аз қадим то имрӯз халқи тоҷик дар сиёсат ва давлатдорӣ устувор мебошад ва ба ҳамсоягони худ муносибатҳои дӯстона ва сулҳомезро роҳандозӣ менамояд.
Бинобар ин, мо вазъи баамаломадаро дар марз бо Қирғизистон маҳкум менамоем ва ҳамчун пайравони гузаштагони хеш аз бародарони қирғизи худ даъват ба амал меорем, ки баҳри ба эътидол овардани вазъ ва ҳалли ихтилоф иштирок намоянд, ба дассисаву иғвоҳои баъзе ашхос бовар накунанд, дар мустаҳкам намудани дӯстиву бародарӣ камари ҳиммат банданд ва ҷиҳати аз байн бардоштани ҳамагуна монеаҳо, ки боиси сард гардидани муносибатҳо байни тоҷикону қирғизҳо мегарданд, худдорӣ намоянд.
Дар гузаштаи начандон дур абармардони фарзона Мирзо Турсунзодаву Чингиз Айтматов тараннумгари сулҳу ваҳдат ва дӯстии халқҳо буданд. Айни ҳол дар Қирғизистон тоҷикони зиёде ва дар Тоҷикистон қирғизон низ умр ба сар мебаранд. Ду миллати бародар ба якдигар оила барпо намуда, решаи ҳамбастагиро қавитар намуда, аз кори фаъолияти якдигар баҳрабардоранд. Бинобар ин орзуву умед ва ормонҳои халқи тоҷику қирғиз ин ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, таҳаммулгароӣ ва сулҳу субот мебошад. Зеро халқи тоҷику қирғиз хуб медонанд, ки дар кишвари обод, осоиштаву ором зистану кору фаъолият кардан, ба ҷомеа манфиат овардан ин орзуи азалии ҳар як инсони покдилу солимақл мебошад.
Сармуаллими кафедраи
назарияи иқтисодӣ Норҷигитов Р.О.