Кабирӣ шахси дурӯя. Изҳороти омўзгори кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои информатсионӣ Саидвалиев Аъзам
Санаи 18 январи соли равон, роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ тавассути шабакаи интернетӣ (facebook) ба тамос баромада, боз бо ҳиллаву найранг ва иғвову дасисаҳои зиддидавлатӣ, ҷудоиандозӣ, лофзаниву гилагӯиҳо, сиёҳ кардани сарварони Тоҷикистон пардохт. Нафароне, ки гуфтугӯи ин шахси дурӯяро шуниданд ба хубӣ пай бурданд, ки он гуфтугӯи ошкоро набуда, як навъ найрангу қаллобии сиёсӣ, тарғиботи навбатии зиддидавлатӣ бо мақсади таҳрифи ҳақиқат, тӯҳмат нисбат ба миллати тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки ба ин васила мехоҳад бораи мавҷудияти худ боз даъвои паймони миллӣ мекунад, сару садо барорад.Тамоми саволҳое, ки Кабирӣ гӯё ба онҳо ҷавоб гардонид, саволҳои пешакӣ аз ҷониби ҳаммаслакони ӯ омода карда шуда буданд. Саволҳое, ки мардум аз ин хиёнаткор ҷавоб пурсиданӣ буданд, аксарият беҷавоб монданд ё саривақт ҳаммаслаконаш ин саволҳои барои сарварашон дандоншикан, ноҷӯрро хориҷ карданд. Ҷоиз ба қайд аст, ки чунин бозиҳои сиёсӣ аз ҷоиби мухолифони давлату ҳукумати Тоҷикистон борҳо ба амал пайвастааст ва мардум аз ҳиллаву дасисаҳои онҳо хеле хуб огоҳӣ доранд. Онҳо бояд донанд, ки касе бо ҳиллаву найранг ба мақсад нарасидааст ва ин мардуми гумроҳ бо сарвари дасисабозӣ худ низ ҳеҷ гоҳ комёб нахоҳанд гардид.