Яксолагии Паймони миллӣ ва ҳадафҳои нопоки он

Баъзан мешунавем, ки масъулини ТТЭ ҲНИ ҳини мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додан мехоҳад, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ТТЭ ҲНИ на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам оварад. Гузашта аз ин ТТЭ ҲНИ натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад. Пас чӣ гуна метавон муътақид шуд, ки ин ҳизб хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи як қисми мардуми Тоҷикистон аст? Бидуни шубҳа ин ҳизб фақат як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад. Таъсиси “Паймони миллӣ”-и кунунии онҳо бо ин ҳайати камзарфият далели дигари равшане бар дурустии ин гуфтаҳост.

ТТЭ ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин нерӯҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият куллан чизи дигареро ба намоиш мегузорад. Наомадани афроду ниҳодҳои аслии мухолифандеши тоҷик, аз ҷумла Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ , "Гурӯҳи 24”, “Ватандор” ба нишасти мазкур бо вуҷуди даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он - Кабирӣ далели рушани ин ҳақиқат аст, ки ТТЭ ҲНИ дар асл ҳатто дар байни афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик низ ҳеҷ гуна обрӯву эътибор ва ҷойгоҳе надорад.
Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд.
ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои беш аз 60 нафар иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф дар Варшава канори ҳам омаданд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи ТТЭ ҲНИ-ро ошкор мекунад.
Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ