Як зани ду хоҷа: ё омодани Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон ба манфиати кадом давлат буд?
Пас аз намудор шудани чеҳраи манфури Шарофиддин Гадоев дар ойинаи нилгун ва торнамои шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми мардуми кишвари Тоҷикистон умед бар он карданд, ки дар байни фарзандони фурўхташудаву хоини миллат будаст нафаре, ки аз рўйи ойни муҳаммадӣ ва дастурҳои Қуръони набавӣ хатои худро дарк карда, ба Ватанаш баргашт. Зеро Шарофиддин Гадоев бо расидани пои напокаш ба Тоҷикистон ба бад гуфтани роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва маҳкум кардани ақидаҳои ин ноҷавонмардони арсаи сиёсат пардохт. Аммо ба назар мерасад, ки чунин рафтори Шарофиддин Гадоев як ҳиллаи дигари ТТЭ ҲНИ ва кишварҳои маблағгузори он Эрону манфиатҷўёни аврупоӣ будааст ва мо тоҷикон, ки шиорамон «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» аст, ҳамин гуна муносибатҳои хоинонаи Шарофиддин Гадоевро эътиқоду боварии ҷавонмардона пиндошта, тамоми айбу гуноҳҳои то имрўз баанҷомрасонидаашро авф намудем. Аммо маълум гардид, ки Шарофиддин Гадоев як бозичаи дасти бозингарони исломӣ ба монанди кишвари Эрон буда, барои ў Ватан, зан, хоҳар, бародар, хешу ақрабо ва ҳатто шири сапеди модараш ҳеҷ аҳамият надорад ва беарзиш аст ва ўро чунон манқурт кардаанд, ки арзиши чунин муқаддасотронамедонад. Ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва, аз ҷумла Шарофиддир Гадоев хос будааст,ки ба вазъият нигоҳ карда қадам мегузоранд. Шарофиддин Гадоев агар мард мешуд дар ҳолати боздошт ҷавонмардона аз ақидааш устувор мемонд ва ба бад кардани дўстони экстримисташ намепардохт. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони асил ва дилсўзи ислом барои устувории ақидаашон ҷони худро қурбон карданд. Агар Шарофиддин Гадоев китоб хондан тавонад як бор рўзгори Имоми Аъзамро, ки доир ба мушкилоти он давра Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби алоҳида ба нашр расониданд, шинос шавад. Ин китоб ба Шарофиддин Гадоев барин нафарони камиродаву сустақида ва ҳатто беандеша, ки аслу насабашонро намешиносанд, таълиф шудааст. Шарофиддин Гадоев ва мисли ў барин кўдакони чоплусу зархарид аслан касе нестанд.Инҳо як савдогароне ба шумор мераванд, ки дар Тоҷикистон бозари фурўш наёфта ба хориҷи кишвар бо ба даст овардани пули муфт виҷдони худро фурухтаанд. Ба Тоҷикистон омада ба Муҳиддин Кабирӣ ҳаммаслаки хоинаш ва гуруҳи террористии «24», ки Шарофиддин яке аз муассисонаш мебошад санг андохтан бори дигар собит намуд, ки инҳо дар вақти заруррат аз баҳри ҳама чиз мебароянд ва аз ҳама кас хоҳ дўст бошад, хоҳ бародар, хоҳ ҳамсоя ва хоҳ Ватан. Бисёр хуб шуд, ки ин гунна нафарон дар дохили кишвар нестанд. Овардани Шарофиддин як кори оқилона аст. Ин хоинҳоро бояд ба кишвар овард, ободиҳоро нишон дод, ба зодгоҳашон бояд бурд ва аз рўйи ойини ҷавонмардӣ ошӣ Худоӣ дод ва гуноҳҳояшонро бояд авф кард, лекин набояд гузошт, ки дар Тоҷикистон бимонанд. Зеро сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар оғоз бахшоиш буду таъмини истиқрору сулҳу ваҳдат.Вақте Шарофиддин дар Тоҷикистон буд душмани ашадии он Муҳиддин Кабирӣ ва гуруҳи «24» ба шумор мерафтанд ва бисёр ваъдаҳои бардуруғу ноҷавонмардона медод.Акнун, ки ба Аврупо назди Муҳиддин Кабирӣ қарор дорад, ба сари кишвари Тоҷикситон санги маломат мезанад. Яъне ин рафтори он ба зане монанд шудааст, ки ба ду хоҷа тааллуқ дорад. Тайи ду рўз мешавад, ки Шарофиддин аз худ ва омадану рафтанаш ба Тоҷикистон қисса мекунад. Аммо Шарофиддин, ки барои ў устувориву матонат, виҷдону санганд барин мафҳумҳо бегона аст, аз чандин ҷома ба тан кардани худ ҳикоя намекунад. Чунки ў беимон аст. Ба ҳар ҳол ба Шарофиддин ҳамчун як нафар тоҷик бояд таъкид кунам, ки ҳоло, ки аз ту Муҳиддин Кабирӣ ва давлатҳои манфиатҷўе мисли Эрону дигар кишварҳои Аврупоӣ истифода карда истоданд, эътимоду баварӣ нахоҳанд кард. Зеро тавре миллати худро фурухтӣ онҳоро дар вақти фаро расидани фурсати муносиб хоҳӣ фурухт.
Каримов Кайхусрав