Як нафар “бӯқаламун” шуд, бас!

Аз рўи фармудаи бузургони сафаркардаву ҷаҳондидаамон муҳаббати инсон ба Ватан дар ғурбат даҳчанд мегардад ва маҳз ҳамин ранҷу машаққати дурӣ аз ҳамватанон сабаби дилнармии марди мусофир мешавад ва раҳму шафқату инсонгароиро дар рӯҳи вай тақвият мебахшад. Аммо баъзе нафарон дур аз Ватан истода бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромии онро халалдор созанд.

Мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон бо ташкили Ҳизби наҳзати ислом (, ки оқибат террористиву экстремистӣ будани он барои ҳама равшан гашт ва ҳамакнун пеш аз номи он ибораи“Ташкилоти террористиву экстремистии..” илҳоқ шудааст) мавқеи сиёсӣ ва нуфузи маънавӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон пайдо карданд ва ҳамчун яке аз аҳзоби сиёсии фаъол то андозае боварии теъдоди муайяне аз шаҳрвандонро ба даст оварданд. Онҳо ба ҷои он ки ҳамин мавқеи шоистаи худро ҳифз карда, аз рӯйи салоҳиятҳои барояшон дар чаҳорчӯбаи қонунҳои мавҷуда муқарраршуда фаъолият баранд, даст ба корҳои ношоиста ва хиёнатбору нобахшиданӣ заданд. Таърих бо воситаи ин ношоистакорӣ ва хиёнат ба миллату давлат “ниқоб”-и дурӯягӣ ва фитнагариро аз чеҳраи асили ин “ҳунарпешаҳо”-и зархариди хориҷӣ, ки дар “саҳна”-и давлати Тоҷикистон “нақшофариниҳо” доштанд, ба дасти худашон гирифт ва рӯ ба рӯ бо оинаи чашми ҷаҳониён гузошт. Онҳо дигар имкони “нақшофарӣ”-ро дар хоки Тоҷикистон аз даст доданд. Сарвари онҳо “ёвари коргардон” Муҳиддин Кабирӣ“нақши худ”-ро то охир набозида, “саҳна”-ро тарк гуфт... “Чеҳра”-и вай дар “саҳна”-е ба ҷилва омад, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз “саҳнасозону дастандаркорони намоиш”-и нобародарона ва ноҷавонмардона (ношукрии ҳамхуниву ҳамзабонӣ мабод!) чунин ҷилваи дурӯиро умедвор набуд. Аммо, ҳақиқат, ҳақиқат аст, ки мо дидему худашон ҳам диданд.

Мо тоҷикон миллати таҳаммулгаро ҳастем, аммо таҳаммулгароӣ ҳам ҳад дорад. Дар тӯли таърих аз ин кирдори миллии мо ба манфиати сиёсии худ “абарқудратҳо” бисёр истифода бурданд, аммо ба мақсад нарасиданд. Таҳаммулгароӣ аз тавоноии рӯҳӣ ва хиради азалии миллатҳо дарак медиҳад, на аз аҷзу заъф... Ин нуктаи борикро бародарони ҳамхуну ҳамзабон ва ҳамдини мо – эрониҳо (намояндагони калидии давлати халқи мазкурро дар назар дорам) хуб медонистанду медонанд, зеро дар ташаккулёбии ин “кирдор” (характер) дар ҷавҳари миллии мо ҳамчун ҳамхун (ҳамирқ) онҳо ҳам саҳм доштанду доранд. Аммо, аз чӣ сабаб бошад, худашонро ба нодонӣ заданд, баъди он ки аз паси “парда”-и ҳамфарҳангӣ, ҳамзабонӣ, ҳамхунӣ, ҳамдинӣ ба паҳлӯи мо бародарон − ба нимаи ҳастии худашон корди ноҷавонмардӣ халиданд. Ин “халиш” гузашт, аммо ба сукути зоҳирӣ рафтани кордбадастон фарёдҳои ҷонкоҳе дар андарун дошту дорад. Мо оҳҳои ҷонкоҳашонро мешунавем ва диламон аввал ба худамон ва баъд ба онҳо месӯзад. Охир, мо бародар ҳастем, бояд баробар бошем... Ин ҳамагузашт, аммо...

Охир, Тоҷикистони мо ҳам имрӯз он кишваре нест, ки вазъу ҳоли сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои аввали Истиқлолиятро дошта бошад. Бо вуҷуди монеаҳову саддҳои мавҷуда мо хеле пеш рафтем, давлати мо нерӯ гирифт, пояҳои он бо талошу пайкорҳои сиёсии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти босамари вакилони халқ ва меҳнати худи халқ мустаҳкам гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳи мо ва сарвари беназири моро барои худ намунаи ибрат донист... Пеш аз он ки чархи якуми “Роғун”-амонро ба кор андозем, ҳамсояи наздикамон меҳмони “хона”-и мо шуд вамо ҳам ба “хона”-аш меҳмонӣ рафтем, шомҳои дӯстӣ барпо кардем. Ин ҳама дастовардҳои мо аз таҳаммулгароиямон буд, ки натиҷаи фармудаи таъкидии Имоми Аъзамамон Абӯҳанифа аст.

Ин ҳама воқеаҳои таърихӣ “ҳунарпешаҳо”-и ба “сафари хизматӣ”рафтаро гарон омад. Пурсишу тафтиши “нақшҳо”-и нобасомон ва “намоиш”-и бадфарҷом барои онҳо азоби ҳамешагӣ шуд. Баҳри онҳо “бозӣ ва намоиш” бебарору бенатиҷа ва бо хиёнат поён ёфт. Аммо “коргардонҳо”, ки барои иҷрои “нақш”-и ҷолиб тибқи шартнома “пешпардохт”-ҳои зиёдеро ба онҳо (ба ном ройгон, дар асл ба вом) дода буданд, “сенария”-и нав омода карданд. Ин “бесаҳнаҳо”-ро лозим омад, ки намоиши кӯчагиро оғоз ва навъе зочабозиро пеш гиранд.

Барои иҷрои “нақш” дар “кӯча” “нақшбозон”-ро “ниқоб” ба кор меояд. Сарвари ин “нақшбозон”-и теъдодан ангуштшумор, яъне Муҳиддин Кабирӣ, ба қавли сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, дар ҳақиқат “бӯқаламун” аст, ки пӯсти рӯяш (агар бошад) мувофиқи қонуни табиати “ҷангал” тағйир ёфта меистад, то ин ки барои идомаи “намоиш” чорае андешад, ба рӯи “ҳунарпешаҳо”-и зархаридаш рангҳои сиёҳу сафед бимолад...

Бармегардем ба сархати аввали ин навишта, то барои ҳусни интиҳои он маънӣ вом гирем: Агар ранҷу машаққати ғурбат, дурӣ аз Тоҷикистонба дили Муҳиддин Кабирӣ кора накарда бошад, “бӯқаламун” шудани ӯ аҷобате надорад. Аммо аҷиб ин аст: Оё дастандаркороне, ки ӯро (як ҳамдиёри моро фирефта!) то ба дараҷаи хиёнат кардан ба давлату миллат оварда расонданд, ба мақсад расиданд, ё не!

Дуруст аст, ки “зочабозӣ”-ҳои ин “бӯқаламун” барои Тоҷикистони мо “намоиши кӯчагӣ”-и беасаре беш нест. Аммо пеши роҳи “бӯқаламун”-шавии шаҳрвандони Тоҷикистонро нагирифтан нашояд. Хушбахтона, ҷараёни корҳои мо дар ин самт хеле хуб аст. Ҷавонҳои фирефташуда бо мусоидати падару модар ва дастгирии мақомоту маркази махсуси Ҳукумати Тоҷикистон ба назди падару модар, зану фарзанд, ёру бародаронаш баргашта истодаанд.

Мо низ устодони факултети филологияи тоҷик ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати масъалаи “бӯқаламун”-шавии ҳамватанонамон набояд бефарқу бетараф бошем.Аз мо як нафар“бӯқаламун” шуд, бас!

Кулли омӯзгорони факултети

филологияи тоҷик


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ