Изхороти омўзгорони чавони факултети телекоммуникатсия ва ТИ
Тоҷикистон, эй Ватанам, эй диёри гулбадомонам, эй диёри кўҳсорам, эй диёри обшорам! Ман бо ифтихор мегўям, ки Модар-Ватан яктост. Зеро мо аз батни модар таваллуд шудаву чашм дар канораш кушода, по бар замини Ватан ниҳода, худро шинохтаем.
Ватанам! Ватани дар дилу дида ҷойгузинам! Ту саросар зебову рангинӣ. Ман намедонам, ки кадоме аз ин зебоиҳоятро рўи авроқ оварам. Замини зархезат, боду ҳавои рўҳнавозат, обҳои софу зулолат ва кўҳҳои сарбафалаккашидаат маро водор мекунад, ки баҳрат чанд сухане гуфта бошам.
Охир, хома наметавонад қудрати тасвири ҳамаи ин асрор бошад. Ман аз ин ҳамаи дороиҳоят фахр мекунам ва меболам. Фахр аз он аст, ки Ватани биҳиштосо дорам. Ҳар гоҳе ки нигоҳ ба кўҳсорат мекунам, як ҷаҳон эҳсосот маро фаро мегирад. Ҳамон кўҳҳои сарбафалаккашидаи туст, ки бо гиёҳҳои шифобахши худ давогари тану қалби ҳазорон дардмандон гаштааст. Табиати дилфиребат бо назаррабоияш касро мафтуну шефтаи худ мегардонад.
Диёрам, ту тавлидгари ҳазорон мардони шуҷою баруманд ҳастӣ. Мардоне, ки дар арсаи ҷаҳонӣ номи тоҷику Тоҷикистонро машҳур намудаанд. Манам яке аз фарзандони ту, ки дар оғўши гарму нармат ба воя мерасам. Ҳамон рўзе , ки Ваҳдати Миллӣ ба даст овардӣ, хеле кучак будам. Он вақт забони гўё надоштам, ки ин рўзи саидро бароят муборакбод бигўям. Имрўзҳо, ки давраи ҷавониро паси сар мекунам, ҳар лаҳза тамоннои ободии туро мекунам.
Тоҷикистони азиз, ман кўшиш мекунам, ки илму дониш омўхта, соҳиби касбу коре гардам ва ба халқу миллати хеш манфиате биоварам. Талошам баҳри он аст, ки қарзи фарзандиамро адо намоям. Ва имруз боиси ифтихор аст, ки зиёда 80 нафар кудакони бепарастор аз Сурия санаи 30 апрели 2019 ба Ватани азизамон баргаштанд. Мо умедворем, ки моҳҳои оянда тамоми мардуми гумроҳшуда ба Ватан бармегарданд.