Изҳороти устодони факултети филологияи тоҷик
Шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имруз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд. Аммо, имрӯз бархе ба ном гуруҳҳо азон воқеаи дар кишвари мосар зада, дар тамоми ҷаҳон бонг бардоштаанд.
Мақсади асосии ин гирдиҳамоӣ барои озод кардани зиндониёни Тоҷикистон Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров нигаронида шудааст. Талаботи дигар аз он иборат аст, ки феҳристи кушташудагон ва захмиёни зиндони рақами 3/3 дар шаҳри Хуҷандро нашр кунанд.
Саркардаҳои ҳизби Назҳати ислом, ки ба кори хеш боварӣ надоштанд, қаблан роҳи гурезро ҳам омода карда монда буданд ва дар ҳоли нокомӣ фирор карданд. Акнун он гурезагон дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон ҷой гирифта аз пайи ташкил кардани низоъҳои дигар дар Тоҷикистон ҳастанд. Ба назари мо “гирдиҳамоии бузурги” ҳозира низ яке аз шохаҳои амалиёти он гурезагони Ватан ва хоҷагони бурунмарзии онҳо мебошад.
Дар Тоҷикистони имрўза, ки қудрати барҳам задани ҳар гуна низоъҳои дохилиро дорад ва дар сиёсати байналмилалӣ ҳам эътибори шоиста пайдо кардааст, мо медонем, ки ягон нафарро бегуноҳ зиндонӣ намекунанд. Аз тарафи дигар, давлат вазифадор аст, ки шаҳрвандони хешро дифоъ намояд ва дар вақти зарурат чораҳо бинад. Аз ин рў, он се нафар, ки ба оромии сиёсии Тоҷикистон халал расонидаанд, аз рўйи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудаанд.
Мо устодони факултети филологияи тоҷик ҷонибдори сулҳу ваҳдати миллӣ ҳастем.
Изҳороти устодони факултети филологияи тоҷик