Изҳороти устодони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ
Изҳороти устодони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус оид баандешаҳои мухолифин дар нишасти САҲА.
Мақсад аз таъсис, ташкил ва баргузорииҳамагунаҳамоиш дар сатҳи гуногун ба фикри бештари мардумбо роҳи машварат,мусолиҳа вабаҳамоӣба танзим даровардани зимоми давлатдорӣ,эътидол бахшидан ба вазъи ҷаҳони имрўзаст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаиимрўз аст, метавонад дарҳалли кулли масъалаҳои глобалӣ иштирок дошта бошад.
Нишасти САҲА, кидар Варшавабаргузор гардид,имрўзба масъалаи баҳсиаксаримардум табдил ёфта, атрофи худ сару садохои гуногунро касб намудааст ва ба таъбири худи иштирокчиён ба майдони баҳсиноҷо мубаддал гардидааст. Маводе, ки дастрасамон гардиду бо фикрҳои духўравуибораҳоисахт печидаи худ, аз қабили «қарибулвуқӯъ»,«омбудсмен», « сенсатсиясозӣ», «воъизӣ», « фиаско» ва даҳҳои дигар омода шудааст сафсатае беш нест.Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуллоҳ Раҳнамо, Сулаймон Орзуевро ва боз ким кадом «воизони доно», ки барои тоҷикистониён тамоман фарқ надорад, ки бо чанд забонҳунари сухангўӣ дорандуандешаҳояшон барои худашон норавшан аст бо суханбозиву сафсатазанӣовора нашавандуаз пайикору зиндагии хеш бошанд. (шояд ҷавон бошанд, бинобар ин дар арсаи сиёсатбозигарӣ мекунанд). Ба камсаводиву маҳорати воизӣнадоштани аъзои ҳукумат кордор нашаванду, ору номуси тоҷиконаи худронигоҳ доранд.
Имрўз мардуми шарифиТоҷикистон шукрона аз Пешвои миллату фазои орому осуда роҳ сўи ояндаи дурахшон доранду ба маслиҳату ақидаҳои«воизони забондон» эҳтиёҷнадоранд. Шарм доред, ки байни иштирокчиёни як нишастибузург таҳқири миллатуҳамватанони худровазифаи асосии худ шуморида, бо сафсатаву бўҳтон машѓулед.«Фюрер»худи шумо ва ё аҷдодони шумо бошанд, ки имрўз ихтиёри зиндагии бурунмарзӣ дореду боз санг ба суӣ ҷўи обхўрдаатон мекунед.Зикр кардаед, ки нишаст се рўз идома дорадутавсияитамошои шармандагии аъзоёни ҳукуматрододаед. Тамошоаз шумо. Аз хориҷа нишаста дастоварду комёбиҳои мардуми тоҷикро тамошо кунеду, аз аламу ҳасад девонатар гардед…..
Қодирова М.А.– муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забон