Изҳороти устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ

Сӯҳбати Хайрулло Мирсаидов бо “Ахбор.ком” моро водор намуд, ки ин мактубро таҳия намоем. Дар сӯҳбати худ Хайрулло Мирсаидов оиди барнагаштани худ ба Тоҷикистон қайд кардааст, ки ин хулоса нодуруст мебошад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки чи тавр ҷараёни демократишавии ҷамъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ гардида истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Аммо дар ҷамъият нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри ин неъмати бузург нарасида,ба тинҷиву оромии мамлакати азизамон шукргузорӣ намекунанд. Ин қабил афрод мехоҳанд байни мардум фитна ангезанд ва барои аз байн бурдани тинҷиву оромии кишвар камар бандад. Онҳо фикр ҳам намукунанд, ки ин ҳама сулҳу осоиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.

Суханони Хайрулло Мирсаидов, ки “ӯро тӯлӣ нӯҳ моҳ ба ҳабс гирифтанд”, заминаи воқеӣ надорад. Тибқи қонун ягон нафар ҳуқуқ надорад, ки инсони бегуноҳро дастгир кунад. Бино бар ин мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки мақомотҳои мо бегуноҳ ягон нафарро дастгир ва зиндонӣ нахоҳанд кард. Ба Хайрулло Мирсаидов гуфтанием, ки агар худро бегуноҳ шуморад, ба Ватан баргардад! Вагарна, бояд мувофиқи амалҳои кардааш назди Қонун ҷавоб гардонад.

Мо бояд сиёсати дурандешонау хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллати худро якдилона пайгирӣ намуда, барои гулгулшукуфии Ватанамон ҳамеша саҳмгузор бошем. Ҳамчун пайравони асил ва ҳамешагии ин шахсияти беназир ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон қадамҳои устувор гузорем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ