Изҳороти сармуаллимаи кафедраи умумиднишгоҳии информатика Аҳмадбекова М.Ғ.
Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Ҳангоми субҳ ба гӯш расидани овози форами Суруди миллӣ ҳар фарди ватандӯстро ҳушдор мекунад, ки баҳри хизмат ба Ватану халқи бузургаш бо нерӯи наву тоза бархезад. Зеро, Суруди миллӣ чун рукни муҳими муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон назму навои нотакрор дораду манбаи нерӯбахшанда ва мояи ифтихори ҳар як фарди ватанпарвару содиқ мебошад. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонбориаввал7 уми сентябрисоли1994 бо қалами шоир Гулназар Келди рӯи коғаз овардашуд ва онро Сулаймон Юдаков ба оҳанг даровард.Аз лиҳоз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ӯҳдадор аст,суруди миллиро донад ва эҳтиром намояд. Имрӯзҳо дар саросари муассисаҳои олии кишварамон суруди милли ҷорӣ карда шудааст. Ин албаттахуб аст,зеро ҳар якхонанда ё донишҷӯ ҳар субҳ суруди миллии худро қироат менамояд ва ҳар лаҳза ҳисси ватандӯстии он зиёд мегардад. Ҳамзамон ҳангоми ғолибияти шахсони шуҷоатманд аз қабили Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз Хоҷазода, ки номбардори миллату давлати хеш гардидаанд, суруди миллии кишвари азизамон дар арсаи байналмиллалӣ садо додааст. Мо омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии Информатика шод аз он ҳастем, ки сурудимиллии ватанамон дар мактабҳои олии кишвар ҷорӣ карда шудааст.