Изҳороти мудири кафедра, дотсент Ахмедова З.С.

Дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳаракатҳои босмачигари фикру ақидаҳои зиёд ба миён омада истодааст. Дар таърихи башарӣ, ҳеҷ тағйироти сиёсие нест, ки бе хунрезӣ ба амал омада бошад. Вақте ки дар бораи ҳаракати босмачигарӣ ва Ҳокимияти Шӯравӣ сухану андешаамонро баён мекунем, бояд ин меъёру натиҷагирӣ риоя бишаванд.

Таърихи гузаштаи миллати мо ва мутоилаи осори адибони классикии мо нишон медиҳанд, ки халқи заҳматкаш зиёиён ва донишмандон бар муқобили ифродгароӣ буда, ҳамеша бо он мубориза мебурданд.

Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва боз пас овардани Амири Бухоро буд. Ҳарякшахсинерўитарафдори Ҳукумати Шўравиро нобуд мекард. Дар ин талошҳо халқи заҳматкаш ранҶи зиёд дидааст. Ҳақиқат, ба назари ман, ин аст, кибосмачигӣ баъд аз гурехтани амир Олимхон ба Афғонистон, ҳамчун ҳаракати зиддишӯравӣ ба вуқӯъ омад. Аз ин сабаб моҳияти зиддиболшевикӣ касб кард. Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва боз пас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд.
Дар ин талошҳохалқи меҳнаткашранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд.
Пас хулоса босмачиён кӣ буданд? Қабл аз ҳама онҳо амалдорони давлатии Аморати Бухоро буданд, ки манзурашон барқарор кардани мансаб ва салтанати пешина буд. Худи амир дар бораи ду нафар саркардаи босмачиҳо - Иброҳимбек ва Давлатмандбек, ки ҳамчун хизматгорони ҷонсупор барои пойдорию бақои Аморати Бухоро кӯшиш ба кор мебурданд, дар ёддоштҳои парешонаш навиштааст: "Аз вилояти Ҳисор ба вилояти мазкур Мулло Муҳаммад Иброҳимбек ва Давлатмандбек девонбегӣ сарлашкар, аз ҷамоаи ӯзбакияи Шарқии Бухоро буд, хеле ба давлати Бухоро хидматҳои лоиқ ва ҷонсипориҳои содиқ намуда, ризомандии ин бандаи оҷизро бозёфт карда буд. Лашкарбошии мавсуфҳоро ба ҳузурам восил гардонида, супориш намудам, ки ин бандаи оҷиз ба доруссалтанаи Кобул рафта тараддуди имдоду кӯмак саъй намоям. Агар аз ҷое барои ман кӯмаку ионат расад, то сарриштаи онро дида омаданам, Шумо ҳамроҳи асокирини худ пеши душманро нигоҳ дошта ба саришта истед".

Таърихро мо дигаргун карда наметавонем. Он чӣ ки дар таърих гузаштааст ҳақиқат аст. Аммо мо бояд, таърихро дуруст таҳлил намуда, Ҷамъияти худро аз равияҳоиманфии мафкураи Ҷавононро вайронкунандапок нигоҳ дорем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба пешрафти Точикистони азизамон нигаронида шудааст, ҳамаҶониба дастгирӣ намоем.

Дар тўли 27-соли истиқлолият дар ТоҶикистон Сулҳу Ваҳдат барқарор шуд. Халқи шарифи тоҶик бо сарварии Президенти оқилу одил аз бўҳрони иқтисодӣ сарбаландона баромаданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ