Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик нисбати изҳороти сардабири “Ахбор” М. Салимпур
Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ изҳороту вокуниш, суҳбатҳои онлайнии зумрае аз ин “рӯзноманигорон”, лаганбардорони созмонҳои гуногуни ба ном байналхалқӣ, “ҳимоятгарони” демократия ва ҳуқуқи башар пахш мегардад. Ин махлуқони ношуду беҳунар, ғайр аз дурӯғу буҳтон, иғвоангезӣ дигар ҳунаре ва коре надоранд.
Дар сомонаҳои “фермаи Ахбор”, созмони паймоншикан ва дигар “фермаҳои танқид”, ғайр аз дурӯғу тӯҳмат, сиёҳ кардани Тоҷикистон, миллат, мазҳаб дигар чизе мавҷуд нест. Кори онҳо ба ҷуз аз зери нохун чирк ҷустан, аз пашша фил сохтан, ҳангома чизи беш нест. Ин палидон ба як пули пучак фурӯхташуда аз худ муборизу мухолиф сохтанианд ва намедонанд, ки кору амалашон ғайр аз номардӣ, шармандагӣ, дурӯягӣ, хиёнат, хизмат ба душманони миллати тоҷик дигар чизе нест.
Мардуми кишвари азизамон ба сиёсати ҳукумати мамлакат боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд. Кайҳост, ки роҳи хеш дар бунёди давлати мутамаддин бо сарварии Пешвои миллат барои худ интихоб кардаанд. Ташаббусҳои сарвари мамлакат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф гаштааст. Мардуми сарбаланду ватандӯсти кишвар ба чунин суханони лучу пуч чун изҳороти сардабири “Ахбор” ва ҳаммаслакони ӯ ҳеч гоҳ боварӣ надоранд.