Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа доир ба найрангҳои Салимпур

Имрӯз сиёсати Тоҷикистонро тамоми давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ менамоянд, ки ин муваффақияти калон маҳсуб меёбад. Аммо баъзе аз ноинсофон ин пешравии давлату кишварро ҳатто дида наметавонанд.

Аъзоёни кафедраи умумидонишгоҳии “Фалсафа” ҳамеша дастгир ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Рахмон буда, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои сулҳу салоҳи диёрамон саҳми худро гузоранд.

Агарчи имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, баъзе аз хоинони миллат ба мисоли Салимпур М. барои сиёҳ ё танқиди ҷомеаи мо даст ба қалам ниҳодаанд ин ягон асоси воқеи надорад, зеро ин ватанфурӯшон ҳамеша бо ҳангомаю суханҳои сафсата байни мардум иғво андохтан мехоҳанд. Инсон, ки сиришташ табиати ғуломиро қабулнамояд монанди ин хоинони миллат сафсатагӯю дасисабоз мешавад ва ба гуфти хоҷагони худ фаъолият мекунад. Зеро ғулом ба ҷуз иљрои амри хоҷаи худ дигар кореро иҷро кардан наметавонад. Бисёр мехостем журналистон бо асосу далелҳои муътамад сухан кунанд, мақола нависанд, гузориш омода кунанд. Вагарна журналистоне чун Салимпур М. эътимоди мардумро ба воситаҳои ахбори омма кам мекунанд. Ҳақиқат завол надорад, ҳақиқатнигор шавед! Журналисти муҳтарам аз маводи омода намудаи шумо бӯи ғализи мардумбадбинӣ ва иғвоангезӣ меояд. Тағйири самти фаъолияти шумо ба сӯ дигар, дида тавонистани дастовардҳои кишвар шояд эътибори шуморо байни љомеа афзояд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳама кору фаъолияти мардум дар асоси Конститутсия ба роҳ монда шуда, меъёрҳои конститусионӣ риоя карда мешаванд. Кош сухани Салимпур ҳам дар ҳошияи қонунҳо сурат мегирифт, вале афсӯс....

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ