Изҳороти кафедраи ФН ва МТФ
ерроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.
Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Пешвои миллат ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки наели наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омӯзишу тадқиқ бошанд.