Изҳороти донишҷўёни фаъоли маҳфили “Баҳористон” ба ҷавонони гумроҳ
Зиндагӣ, ҳаёт ва умр баҳри мавҷуди башар аҷаб тазод ва муқобилиятҳое меофарад.Ҳар як инсон дар шоҳроҳи пурпечутоби умр ба гунаи хоси хеш роҳе интихоб намудаву аз ҷару ҷӯр, пастиву баландӣ,суфтаву ноҳамвориҳо гом мемонад, то ки мақсуди зиндагияшро дарёбад.
Лек афсӯс, ки бархе аз мардумонро носозгориҳои зиндагӣ ба кӯйи гумроҳӣ афканда умру ҳаётро ба маргу мамот бадал месозад. Инсонҳои кӯтаҳандеш ва аз хушиҳои ҷавонӣ сармасту мағрургардида аз қабили одамизодагони фандхӯрда маҳсуб меёбанд.Эшонро лозим аст,то бар садои қалби бузургону пироне, ки дар зери хок хуфтаанд, лек дар ҳини ҳаёт садои дили хешро ба ашъору осор ифода кардааанд,гӯш диҳанд...Он пирон ором намехобанд.
Бале! Эшон аз ғами раҳгумии фарзандони хеш ҳамеша дар изтиробанд, дар ғами фардои миллат месӯзанд,зи ҳар як рӯйдоди нанговаррӯҳи онҳо ошуфтаву парешон мегардад.
Ҷавоно! Эй он ки ояндаи милллат аз ту вобаста аст, рӯҳи поки онҳоеро,ки пас аз ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ акнун ба худ омада истодаанд,зи нав парешон масоз! Чаро шомили гурӯҳи бадхоҳон мешавӣ? Чаро ба даст силоҳ гирифта алайҳи Ватану модари хеш мебароӣ? Чаро лаҳзае фикр намекунӣ,ки ту киро нобуд месозӣ? Миллати хешро ё модареро,ки боиси ҳастият шудааст?
Магар бародару хоҳари ҷоноҷонат, фарзандони кӯчаки диёрат, миллати ту,пайванди ту ,ҷону ҷигари ту нестанд?! Баҳри зиндагии хушу осудаат чӣ намерасад?Боре андеша бикун,бо чашмони равшанат бубин,ки ҳаёт ҳар лаҳза дар пешравист.Имрӯзат назар ба дирӯзат беҳ мегардад,пас чаро ту ношукрӣ мекунӣ,ношукрӣ ба ватану миллати хеш,дину мазҳаби хеш.Фаромӯш накун,ки “ношукрро нон мезанад” гуфтаанд.
Ҷавоно! Ба худ о! Андеша намо,ки тоҷики тоҷдор ҳастӣ!Ва тоҷик ҳеҷ гоҳ,тӯли асрҳои зиёд сӯйи миллати дигаре бо адоват назар накардааст.
Таърих гувоҳ аст,ки дар ҳеҷ замоне
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.
Оре, ҳақ бар ҷониби Лоиқи бузургвор аст,ки тоҷик бо миллате душманӣ наварзида,чӣ ҷойи адоват бо бародари хеш.
Ҷавоно!Маҳз ту,ки вориси ниёгонӣ,метавонӣ ояндаву пояндагии ватану миллатро таъмин намоӣ.
Эй ҷавон,ту такягоҳу посбони миллатӣ,
Ҳам тану ҳам қалбу ҳам ҷону равони миллатӣ.