Изҳороти Бердишукуров А.А.- мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Масоили марбут ба ҳиҷоб боиси сар задани ҳар гуна овозаҳо дар шабакаи интернет гаштааст. Дар ташкил кардани баҳсҳои доманадор атрофи ин мавзуъ Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳам ТЭТ ҲНИ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣдаст доранд. Онҳо бо паҳн кардани ҳар гуна маводҳо дар хусуси манъи пӯшидани ҳиҷоб барои занҳо дар муассисаҳои давлатӣ мехоҳанд бозиҳои сиёсии худро давом диҳанд. Бо зиёд шудани чунин маводҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарки дурусти моҳияти масъала бароямон зарур аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳар амали гуруҳҳои номбурда акси гуфтаҳояшон сурат мегирад. Аслан, масъалаи ҳиҷоб барояшон на барои ҳимояи ҳуқуқи занҳо балки баръакс баҳри таҳмил кардани ақоиди бунёдгароёнаи хеш нигаронида шудааст. Аз тарафи дигар ин фурсати муносиб барои тафриқаандозиву ташкили низоъи сиёсӣ аст, ки дар ҳар маводҳои паҳнкардаи онҳо ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар маводи паҳнкардаи Меҳроби Анӯшервон таҳти унвони «Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард» таҳдиди рӯйрост ба ҳукумат дида мешавад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин маводҳо бисёр ба назар мерасанд. Бинобар ин хонандагони мо бояд мушоҳидакор, дурандеш, хирадманду зирак бошанд. То ба доми бозиҳои сиёсии хоинон кашида нашаванд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки барои ТЭТ ҲНИ ва ПМТ ҳимояи ҳуқуқи занҳо тамоман муҳим нест. Мақсад дар арафаи интихоботҳои навбатӣ ташкили иғво, шӯру ошӯбаҳо, бедор кардани нафрату бадбинии мардум нисбат ба ҳокимон аст, то ин ки ба ҳокимият дастёб гарданд. Чунин матлаб низ дар барномаи «Кимиёи саодат» дар мавзӯи «ПМТ чӣ мехоҳад?» аз забони худи онҳо ошкоро баён карда шудааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ