Изҳорот ба гуфтаи Хайрулло Мирсаидов “Ман ба Тоҷикистон барнамегардам”
Мо изҳоротиХайрулло Мирсаидовро хондабаваҷҳомадемварафториӯро,ки ҳамчунрӯзноманигор ва роҳбаридастаиКВН-и Тоҷикистон кору фаъолият кардаасту нону намаки ҳаммиллатонашро хӯрдааст ва қасдибаТоҷикистонбарнагаштанро дорад, маҳкум мекунем.
Хайрулло Мирсаидов моҳи июли 2018 ба муддати 12 сол ба зиндон маҳкум карда шуда буд, лекин ҳукмиХайрулло Мирсаидовмавҷи вокунишҳои манфии байналмилалиро бавуҷуд овард. Рӯзи22-юмиавгуст додгоҳи вилояти Суғд ҳукми ӯроба 2 соли корҳои ислоҳӣ ва 80 ҳазор сомонӣ ҷарима иваз кард. Инсони солимақл ин некиро мефаҳмид, хуб мешуд, вале афсӯс ӯ фаҳмидан нахост.
Ба ҳукми додгоҳи вилояти Суғд нигоҳ накарда,бо мақсади табобат Хайрулло Мирсаидов ба Гурҷистон рафт. Ин амалиХайрулло Мирсаидовро наздиконашчунин шарҳмедиҳанд, ки барои ӯдар Тоҷикистон пайдо кардани кор ва пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима аз сари маошҳои мавҷуда ғайриимкон будааст. Лекинин сабаб шуда наметавонад. Агар ӯ худро бегуноҳ ҳисобад, ба фикри мо чунин суханҳои беасосро баён намекард ва ватани худро тарк намекард. Агар ӯ ақли солими инсонӣ ва ҳисси ватандӯстӣ медошт ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳамчун рӯзноманигор ҳимоя мекард ва ба Ватани худ содиқ мемонд,ў ҳеҷ гоҳТоҷикистонро тарк ва “Ман ба Тоҷикистон барнамегардам” гуфта, дар сомонаҳо изҳор намекард.
Бедили бузург фармудааст:
Тарбия чист ? Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Аҳли ҷомеаи кафедраи
умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ