Изҳорот: Амали ноҷавонмардонаи қирғизонро маҳкум менамоем!

Хабаре, ки таҳти унвони «Паси амалҳои қирғизҳо дар маҳаллаи наздисарҳадии Сомониён кӣ меистад? Марзбонон ё…»(«КТО СТОИТ ЗА ПРОВОКАЦИОННЫМИ ДЕЙСТВИЯМИ КЫРГЫЗОВ В ПРИГРАНИЧНОЙ МАХАЛЛЕ СОМОНИЁН ДЖАМОАТА ЧОРКУ? ПОГРАНИЧНИКИ ИЛИ…?») ба мо расид, моро дар таҳайюр гузошт. Бино ба ахбори манбаъ ду рўз қабл гуруҳе аз сокинони мавзеи Кок-тоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон қасдона оинаҳо ва болопўш(шифер)-и мағоза ва нонвойхонаи маҳалла ва субҳи рўзи дигар оинаи мошинаи сабукрави истиқоматкунандаи маҳаллаи мазкур Умрониддин Сафаровро шикаста, ба соҳибони мағозаю нонвойхона ва соҳиби мошин зарари ниҳоят калони моддӣ расонидаанд. Оё ин амал хоси инсони солимфикр аст? Магар чунин маконро, ки яке молҳои талаботи мардум ва дигаре нон мефурушад ва амали савоб асту муқаддас ва ба мардуми маҳал хизмат мерасонад, хароб намудан аз одоби ҳамсоядорӣ аст? Бино ба иттилои манбаъ худи мардуми Коктош низ аз ин маконҳо истифода мекарданд ва бо ин харобкорию вайронсозӣ на танҳо сокинони маҳаллаи Сомониён, балки аҳли хонаводаи худ ва хешу пайвандону наздикони худро аз хизматрасонии мағоза ва нонвойхона маҳрум сохтанд. Магар падару модар ва зану фарзандони бошандагони Коктош аз ин амали ноҷавонмардонаи фарзандони худ хабар доранд?

Бино ба иттилои манбаъ, зоҳиран худи марзбонони қирғиз дар ин нооромкунию вайронсозӣ даст доштаанд. Агар ин хабар дуруст аст, пас масъулин ва роҳбарони ин макону кишварро лозим аст, ки роҳи ин амали дур аз инсониро пешгирӣ созанд. Вазифаи марзбонон таъмини оромию амнияти кишвар аст, на харобсозию даъват ба вайронкунӣ ва ноором сохтан. Харобсозию зиёни расонидаи рўзҳои дигар, ки дар манбаъ омадааст, аз амали ноҷавонмардонаи пайвастаи ин гуруҳ хабар медиҳад, ки на танҳо сокинони маҳаллаи Сомониён, балки сокинони кишварро низ ором гузошта наметавонад. Хуб мешуд, ки мутасаддиён сари ин масъала андеша созанд, зеро ҳар як нооромии андак метавонад мушкилоти бештарро пеш орад.

Мо, омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ин амали ноҷавонмардонаи сокинони Коктоши ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистонро маҳкум месозем ва бар он умедем, ки масъулини ин макон ҷиҳати ором сохтани вазъи баамаломада чораҳои амалӣ меандешанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ