Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ТЭТ ҲНИ
Наҳзатиён тӯли як сол мешавад, ки таблиғоти интернетиро, бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва мессенҷерҳо пурзӯр намуда, ба бадном кардани давлату миллати тоҷик пардохтаанд. Чӣ тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, амалиётҳои мудҳиши террористӣ, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон аз ҷониби гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ гардида буданд, дар амалӣ гаштанашон шабакаи ҷаҳонии интернет, ба хусус, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо нақши калидӣ бозидаанд, ки ДИИШ (номҳои дигараш Ҳизби таҳрир, Алқоида, ТЭТ ҲНИ ва ғайра) дар саргаҳи тамоми ин гурӯҳу ташкилотҳо меистод. Дар натиҷаи масдуд гаштани фаъолияти ДИИШ дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТЭТ Наҳзати ислом ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст. Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ масдуд гардида бошанд ҳам, думравони ТЭТ Наҳзати ислом ва «Гурӯҳи 24» фаъолиятшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, ба хусус, «Фейсбук» пурзӯр намуда, гурӯҳҳоеро дар «Фейсбук» ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Мушоҳидаҳо дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба ҳампаймон гаштани ТЭТ Наҳзати ислом бо ТЭТ «Гурӯҳи 24» ва фаъолияти муштараки онҳо дар «тазоҳурот»-и берлинӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет ишора мекунанд. Ин дар ҳолест ки «Гурӯҳи 24» то ҳол эътилофашро нисбат ба ТЭТ Наҳзати ислом ошкор насохтааст. Интернет ҳамчун абзори таблиғоти ақоиду ғояҳои террористонаву ифротгароёнаи ТЭТ Наҳзати ислом ва бахусус, дар «бадвоҳима» нишон додани «холабозӣ»-ҳои Кабириву думравонаш нақши меҳварӣ бозидааст. Ҳарчанд «холабозиҳо»-и Кабирӣ ва думравонаш ба сулҳу суботи кишвар рахна ворид насозад ҳам, аммо метавонад бо роҳи таблиғи интернетӣ баъзе ҷавонони ноогоҳи кишварро ба инҳироф барад. Раванди мазкур метавонад ба ҷавонони тоҷики муқими хориҷ аз кишвар муассиртар бошад. Аз ин ру мо чавоннони сохибмаърифату сохиб истеъдод, ба фитнакориву фиребгарихои ин номардон бовар накарда, балки бар зидди онхо хох дар шабакахои ичтимои ва хох дар тамоми каламрави кишварамон бар зидди онхо баромада агар лозим ояд чонамонро ФИДО бахри ин сарзамин фидо хохем кард.