Ихтилофандозӣ ва аз гиребон чирк ҷустани иддае аз наҳзатиён

Борҳо дар мавриди ихтилофандозӣ ва аз гиребон чирк ҷустани иддае аз нотавонбинони кишвар гуфтаему боз мегӯем, ки шояд ин тоифа вақте шукуфоиву пешрафти Тоҷикистонро ба чашми худ мебинанду намехоҳанд бовар карда бошанд, аз ҳасодату аҷз ва камхирадиву каммоягии худ даст ба ихтилофкорӣ мезананд. Бегумон, метавон яқин дошт, ки ин ҳама аз ҳасодат ва дида натавонистани онҳост.

Сохтори демокративу конститутсионии давлатозодии касеромонеъ нашудааст ва намешавад. Ин ҳама изҳори назар ва ихтилофҳое, ки шумори онро наметавон бозгӯ кард, дар мавриди намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва сохторҳои он сохта ва бардурӯғ буда, ҳадафи онҳо танҳо иғвоандозӣ ва авомфиребӣ асту бас.

Мирзо Салимпур, рӯзноманигори тоҷик ва масъули сомонаи “Ахбор” чанде пеш дар мавриди “фермаи ҷавоб” ибрози назар намуда иддао дорад,ки боз як дурӯғи фирмаи мазкур фош гардидааст. Мирзо Салимпур, рӯзноманигори тоҷик ва масъули сомонаи “Ахбор”, дар мақолае таҳти унвони “Йозеф Геббелси тоҷик кист? Боз як дурӯғи чамбаршоҳи “фермаи ҷавоб” фош шуд” “Фермаи ҷавоб”-ро ба КДАМ рабт намудааст: “Агар ин “ферма” дар ҳақиқат моли шумо нест, чаро то ҳол, инак чанд сол боз фазои сиёсӣ ва амниятии кишварро ноором карда истодаасту касе нисбати хару хингили ин “ферма”-и гӯё бесоҳиб чорае намеандешад?”

Бояд гуфт, ки фабрикаи ҷавобе, ки ӯ мегўяд, аслан ифодагари дарду дил ва мавқеи мардуми озодандеши тоҷик аст ва он бо тақозои ягон сардор ва ё мудире нест. Аслан, мухолифин дар солҳои 90-уми асри гузашта одат карда буданд, ки ба баромадҳояшон касе эътирозе намекард, шояд он замон шуури сиёсӣ ба қадри даркорӣ инкишоф наёфта буд ва ё гоҳо «абрро бонги саг зиён накунад» гуфта, чизе намегуфтанд ва наменавиштанд. Аммо имрўзҳо мардум онҳоро шинохтааст ва кӣ ва чӣ буданашонро медонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таъмини фазои амнияти кишварамон на танҳо КДАМ, балки ҳар яки мо масъулияти зиёдеро бар дӯш дорем. Беҳтар он аст, ки сари масъулияти худ биандешем, на дигарон ва мутмаин бошем, ки ин муфидтар хоҳад буд.

Изҳороти муаллими кафедраи

фарҳангшиносӣ Қорихонов Саидваққосхон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ