Ҳизби Назҳати Ислом ҳизби ҷиноятпеша ва хоин аст!

Дар марҳилаи навъи рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст, ки ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азизамон мебошад.

Мутассифона дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакатамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили зуҳуроти ифротї, ба монанди терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузоштанд. Терорризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонї ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини равонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст, ки оқибати он ба бесуботи ва вайронкорї оварда мерасонад.

Вале душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхта, бо рафтори зишту беномусӣ ва пастфитратӣ раъди марака гардиданд, мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осудаи мо суханҳои баду фитнангез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён менамоянд ин ташкилоти террористию экстремистӣ Ҳизби Назҳати Исломӣ мебошад.

Имруз мақолаи навбатие, ки дастраси мо гардид аз ҳаёти даҳшатбори як ҷавони ноболиғе, ки дар давоми умри кутоҳи худ паси сар намудааст сухан меравад.

Воќеан ҳам дар ҷомеаи имрузаи мо ҷавонон ва падарону модароне, ҳастанд, ки ҳаёти фарзандони худро заҳролуд карда истодаанд, ки ин кори онҳо бо оқибатҳои даҳшатбори зиндагӣ оварда мерасонад. Имруз нафароне надониста бо ворид шудан ба ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва фирефтаи суханонӣбардуруғигуруҳҳои ҷиноятпеша гардидаанд. Сабаб дар чӣ бошад, ки имруз ҷавонони мо ба ҳамин гуна гуруҳҳои террористию эктремистӣдохил мегарданд?.Ё ин, ки аз паст будани маърифати динӣ ё ин, ки аз надонистани дониши мукаммали динӣсабаб мегардида бошад?.

Имрузҳо оиди ин масъалаи асосие, ки дар боло зикр гардид ҷавонони мо донистаю надониста ворид гардидани онҳо ба ҳар гуна сомонаҳои иҷтимоӣ, ки ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ таалуқ доранд яке аз сабабҳои асосї шуда метавонанд.

Имруз кишвари азизамон Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандаш пайваста бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талош ҳастанд, ки имруз шаҳрвандони кишварро аз қувваҳои иғвоангези ҷомеа ва гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҳимоят кунанд ва пайваста дар ҳар баромадҳои худ қайд менамоянд, киҳар як фарди кишвар пайваста “Ҳушёрию зиракӣ, сиёсӣ”-ро аз даст надиҳад то, ки ин гуруҳҳои ҷинояткор ба сулҳу субот ва ба ороми кишвар дахолат намекунанд.

Лекин пайваста бо ин таъкидҳои пайдарпайи Сарвари давлат нигоҳ накарда имруз шаҳрвандон ба ин гуруҳҳои террористию экстремистӣ дохил шуда истодаанд. Воқеан Ҳизби Назҳати Ислом ҳизбе ҳаст, ки бо ниқоб “Ислом”-и бо ҳар роҳу васила амалҳои номатлуби худро анҷом дода истодаанд. Имруз ин ҷавононе, ки дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар хоки Афғонистон иштирок доштанду, оқибат қурбони ниятҳои нопоки худ гаштан ва имруз фарзандони ин нафар яке ногирон, дигаре ятим ва дигаре, ки модари ғамхору мушфиќ ва падари дуогуи фарзандон дар як кунҷи ҳавли танҳову танҳомондаанд. Имруз падар модар фарзандонро ба камол мерасонидаст, ки то дар оянда фарзанд соябони падар ва модар гардад. Лекин ин ҷавононе, ки бо як чизи ноарзанда фирефтаи суханони дуруғи ин гуруҳҳои террористию экстремистӣ Ҳизби Назҳати Исломї гардида, умри ҷавони худро барбод доданд. Эй мардуму соҳибватан воқеаҳое, ки солҳои 90-уми солҳои гузашта барои шумоён дарси ибрат нашуд?. Аз куҷо будем?. Дар чи ҳолат қарор доштем дар хотир надоред?.Оқибати ҳамаи ин хунрезиҳои зиёд тороҷу валангор гардидани кишвар, ҳазорон-ҳазор кудакон ятиму бепарастор монданд, ки ин ҳама ниятҳои нопок ва амалҳои даҳшатангезӣ гуруҳҳои террористию экстремистӣ Ҳизби Насҳати Исломи буд.

Бинобар аз ҳар шаҳрвандӣ кишвар бояд қалбан шукргузорӣ ба ин тинҷию амонӣ ва пойдори Сулҳу суботи кишвар дар қалби мо бояд ҷой дошта бошад ва ин гуруҳҳои ҷиноятпеша наметавонанд амалҳои нопоки худро анҷом диҳанд ва дар чашми модарони тоҷик ашки ғамро ҷой карда бошад.

Имруз аз ҳар як ҷавонони мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонтаъкид бар он доранд, ки пайваста “Ҳушёрию зираки сиёсӣ”-ро аз даст надиҳанд ва дар паси ҳамдигар истода ватанмонро якҷоя аз ин гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳифз намоемва нагузорем, ки ба кишвари азизамон Тољикистон бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Академик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ