Ҳилаи навбатии Муҳиддин Кабирӣ ошкор гардид
Сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии соли нави мелоди тариқи сомонаи иҷтимоии Фейсбук табрик намудааст. Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозода – сархатиби вилояти Суғд, шахси дурандеш ба АМИТ ховар нома навишта, ин рафтори Муҳиддин Кабириро ба бўқаламун, ки аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм буда ранги пӯсти худро вобаста ба муҳит дигар мекунад, монанд намудааст.
Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозода барҳақ рўйдодҳои таърихӣ ва созанда, ки соли 2018 бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалии Раҳмон рух дод, аз ҷумла ба истифода додашавии чархи аввали НБО Роғун, ки сохтмони аср ба ҳисоб меравад ёдовар шуда, қайд намудааст, ки ба ин воқеа душманони миллат ангушти ҳайрат газиданд.
Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозода, ки дар Фейсбук табрикоти солинавии Муҳиддин Кабириро хонда, ба ҳайрат омадааст, зеро то рӯзе, ки Муҳиддин Кабирӣ дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду имрӯз хилофи ақидаи худ амал карда истодааст. Ӯ бо ин амалаш боз як бори дигар пардаро аз рӯи худ кушодааст.
Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозода қайд менамояд, ки Муҳиддин Кабирӣ, ки имрўзҳо дар Аврупо муҳоҷирона зиндаги дораду ба ташкилотҳои аврупои, ки нисбати кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон мақсадҳои ғаразнок доранд хизмат карда истодааст. Барои ҳамин ҳам табрики соли нави мелодӣ гарчанде ба ақидаи ў зид бошад ҳам, лекин барои ба даст овардани маблағи муайян қалам ба даст гирифта табрик намудааст.
Ин ҳилаи навбатии Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки аз ҷониби сарвари рўҳонии вилояти Суғд ошкор гардид. Ман ҳамчун омўзгор, ки тарафдори рушду нумўъ ва осудагии кишвар мебошам ақидаи Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозодаро пурра дастгирӣ менамоям.
Ҳусенов Ф. – омўзгори кафедраи таърихи умумӣ