Ҳамеша муборизаи бошуурона
Ман дарёфтам, ки ҳаёт дар байни харобаҳо арзи вуҷуд дорад ва бино бар ин назар ба қонуни харобӣ бояд қонуни баландтаре вуҷуд дошта бошад. Танҳо дар ҳолати будани чунин қонун ҷамъият дуруст ва оқилона сохта мешавад ва танҳо чунин ҳаёт барои аз сар гузаронидан меарзад. Ва агар ин қонуни зиндагист, мо бояд дар ҳаёти ҳаррўзаи худ ба кор барем.
… дар ман ҳамеша муборизаи бошуурона баҳри пайравии мақсаднок ва муттасил ба қонуни ғайризўрӣ меравад. Чунин мубориза одамро барои муборизаи оянда пурзўр мегардонад. Зўрӣ накардан яроқи зўрон аст.
М.Ганди «Эътиқоди ман-дар зўрӣ накардан» («Моя вера в ненасилие»)
Имрўзҳо аз саҳифаҳои шабакаҳои интернетӣ ҳодисаҳое, ки имрўз барои пешравии ҷомеаи Тоҷикистониён халалдор месозад, огаҳӣ гашта истодаем. Нашрияҳои даврӣ ва ВАО ба ҳар як узви фаъоли ҷомеа огаҳӣ менамояд бо хабарҳои дохиливу хориҷӣ, то ки таҳлилҳои сиёсиро дуруст ба роҳ монем. Дар иттилоот омадааст, ки чор ҳомии хукуқ аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки то Шарофиддин Гадоевро озод карда, ба вай имконияти бозгашт ба Ҳолландро бидиҳанд. Албатта, мақсаду мароми ҷамъият ва таърихи инсоният мубориза барои озодӣ ва адолат аст. Ҳомиёни хукуқ албатта, хокимият тарафдори озодии ҳар шаҳрванд аст, агар ҳар як шаҳрванд агар ҷинояте накарда бошаду қонуну қоидаҳои ҷамъиятиро риоя кунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Мардум сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштаничунин роҳбар ифтихор мекунанд. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС-у роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост.
Мо, ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон дорем, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.
Омўзгори кафедраи фалсафа