Гурӯҳе, ки аз хориҷ ба кишвари худ санг мезананд

Дар Паёми Президент гуфта мешавад, ки «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад» .

Фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи кулли сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамлакатҳои Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат, хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохтааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзад. Зеро барои мо ҳам ин ҷараён бегона нест. Душманони миллат то ҳоло тавассути ҳар гуна усулҳо паст кардани номи Тоҷикистон кӯшиш мекунад. Хусусан, дар як хабарнома оварда мешавад, ки чор созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, то Шарофиддин Гадоевро озода карда, ба вай имкони бозгашти ба Голландияро бидиҳад. Ба ақидаи онҳо кормандони хадамоти амнияти Русия Гадоевро дар фурудгоҳи Домодедово ба кормандони ВКД Тоҷикистон маҷбуран супурданд. Лекин дар манбаҳо гуфта мешавад, ки Ш.Гадоев бо хоҳиши худ ба Ватан баргаштанд ва инро дар баромади телевизионии худ тасдиқ ҳам намуданд. Вақтҳои охир шахсоне, ки аз кору фаоълияти пешинаи худ пушаймон шуда, дар назди кормандони корҳои дохила пайдошуда зиёд мебошад. Инчунин, собиқ аъзоёни ҲНИ Сатторов., С.Ғозиев ва дигарон дар телевизион аз амалҳои зидди миллаташон пушаймон шуда, изҳорот баён намуда буданд. Мумкин аст, ки Ш.Гадоев ҳам роҳи онҳоро интихоб карда бошад. Зеро, хоки Ватан аз ҳама чиз баландтар мебошад. Инчунин, мардуми Тоҷикистон бо инояти Худованд, талошу фидокориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ноил гардидааст. Имрӯз, ки мамлакати мо бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Ин ҷараён аз тарафи ҷаҳониён эътироф шуда истодааст. Масалан, дар Симпозиуми байналмилалӣ (5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия) зери унвони “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини Ислом ба ҳозирон маълумот дода, таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини Ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудаанд. Аз ҷумла, профессори турк зикр намуд, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия ­ Имоми Аъзам баргузор гардид, ки эшон низ дар он ширкат ва суханронӣ кардааст. Нашри китоби муқаддаси мусулмонон - Қуръон бо хати кирилӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусулмонони Тоҷикистон аз донишмандӣ ва хоксории чунин як Президенти кишвар шаҳодат медиҳад. Дар идомаи суҳбаташ олими барҷаста афзуд, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор намояд, чунин Сарвар бар ҳар миллату давлат насиб намегардад.

С. Коҷатурк дар идома аз таассуроти сафарҳои худ ба Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки дар як муддати кӯтоҳ ба чунин як кишвари зебо табдил додани Тоҷикистон танҳо кори Эмомалӣ Раҳмон буд. Саадеттин Коҷатурк аз ҳозирон даъват ба амал овард, ки ба суханони аъзои ташкилотҳои террористию ифротӣ, чун пайравони ҲНИ, ки аз хориҷ ба кишвари худ санг мезананд, эътибор надода, аз Тоҷикистони биҳиштосо дидан намоянд.

Р.Усанов-номзади илмҳои фалсафа, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ