Ғолибияти дастаи "Молиячиёни муосир"-и донишгоҳ дар озмуни "Беҳтарин молиячиёни ҷавон"-и вилояти Суғд

Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд байни дастаҳои донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилоят озмуни "Беҳтарин молиячиёни ҷавон"-и вилоят ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур дастаи донишҷуёни "Молиячиёни муосир"-и факултети Молия ва иқтисодиёти бозори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” дар ҳайати 6 (шаш) нафар донишҷӯён: Ҳасанов Парвиз, Икромов Икромҷон, Қаюмова Малика, Мамадҷонова Амира, Олимова Шаҳноза ва Бӯрҳонов Мирзоаъзам ширкат ва ғолиб омада, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ