Фикру андешаҳо ва фатвоҳои бардурўғ, ё ҳарфе чанд дар пайи шикасти шармандавори наҳзатиён дар САҲА
Бо баробари аз байн рафтани абарқудраттарин кишвари садаи ХХ - ИҶШС низоми тоталитарии коммунистӣ қудрати сиёсиро аз даст дода, фазои онро мафкура ё идеологияҳои мухталиф ишғол намуданд. 28 соли истиқлолияти мо нишон дод, ки идеологияҳои гуногуни дар фазои Тоҷикистони имрўза баамаломада, аксарияташ мафкураҳои созандаю пешбарандаи ҷамъият мебошад, лекин дар байни онҳо афкори схоластикӣ ва фундаменталӣмавҷуд будааст. Онҳо андешаҳои дигаронро на қабул дораду на далелҳои таҷрибавии илмиро эътироф менамояд. Аз ҳамин қабил фитнаангезон, ҳизби табоҳкори наҳзати исломӣ мебошад. Ин ҳизб давоми мвҷудияташ бисёр корҳои нангин ва фоҷиаборро ба сомон расонидааст, ки ба ҳамагон маълум мебошад. Инак имрӯзҳо ин ҳизби террористиву экстремистӣ ва дигар шохаҳои нокоми он дар Аврупо паноҳ бурдаанду лоиҳаҳои нави тиҷоратиро бароят сармояҷамънамоӣ ва таҳқири миллати шарафманди тоҷик пиёна намудаанд ва намуданианд.
Дар ҷамъияти мо аксарияти мардуми он аз фарҳангу маърифат ва таърихи гузаштаи миллати худ хабардор ҳастанд, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун илмӣ назарияи ҷадиди илмию фалсафиро пешниҳод карда истодааст. Зеро таъсири фарҳанг бисёр вақтро талаб мекунад, мардумаввал сухани дигарро мешунавад, соне бо таҳаммул фикр менамояд. Аммо ин “манқурт”-он, яъне наҳзатиён ва пайравони он фақат каломи “хоҷа” - ро гўш мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки вожаи “манқурт” - ро бори нахуст нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов дар романи “Рўзе дарозтар аз қарн” истифода кардааст. Дар эҷодиёти Чингиз Айтматов манқурт касе мебошад, ки хотира ва муқаддасоти таърихӣ, аз он ҷумла падару модар, деҳа, қабристон, забон, фарҳанг, ватан, миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурўшад. Умуман барои манқурт итоатгўйи сухани хоҷааш буда, ў бо забони хоҷааш сухан мегўяд, бо гўши хоҷааш мешунавад, бо дасти хоҷааш мегирад ва ба пойи хоҷааш роҳ меравад. Афсўски, дар ҳаёти имрўзаи мо ҳам ҳамин хел ҳизбу ҳаракатҳо мавҷуд мебошад, ки онҳо ғуломи хоҷаҳои хориҷии бегона аст. Чунин ҳизб ТЭТ ҲНИ мебошад. Онҳо ҳизби таассубӣ буда, ба амнияти кишвар хатар доранд. Зеро, онҳо аз худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ бегонаанд ва бегонапарастӣ, бегонашавиро тарғиб мекунад, дар оянда онҳо ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро гаравиданаш аз эҳтимол дур нест. Онҳо арабпараст шуда, онҳоро мардуми муқаддас мешуморанд.Дар тўли ҳазорсолаҳо дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ донишмандоне, чун Хоразмӣ, Розӣ, Берунӣ, Сино, Хайём, Тўсӣ ва дар фарҳангу адаб мутафаккироне, мисли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хуҷандӣ, Ҷомӣ ва садҳо нафари дигарро парваридааст, барои онҳо бегона шуд-мӣ? Дар тафаккури онон лаҳзаина илму дониш ва фарҳангу маърифат амал намекунад, оянда ба майнаи сари мардум ибораҳои машҳури “пидори нек, гуфтори нек,рафтори нек” - ромафҳумҳои биёбоние, ки аз онҳо танҳо бўйи қатлу куштор ва маҳви инсоният меояд, чун: (“ҷиҳод”, “шаҳид шудан дар роҳи Худо”, “моли кофир барои муъмин ҳалол”) ҷо шуданаш мумкин аст. Дигар барои ин манқуртҳои маҳалливу хоҷаҳои арабшуда на раҳм мешаваду на шафқат, чунки онҳо аз рўи таълимоти динию мазҳабӣ дар роҳи Худо зўровариро як амали хайр медонистанд ва боз хоҳиш мекунад. Аз зулму истибдоди ҳамин гуна ашхосҳо аксарият мардуми Тоҷикистон, олимону рўшанфикрон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа ба бадбахтиҳо гирифтор шуда буданд.
Бо сабаби бегонагӣ аз худ, аз миллат ва аз давлат бисёре аз ҷавонони мо ва аз набудани ҳуввияти миллӣ дар аксари рўҳониён дар бештари ҳафтаномаю маҷаллаҳо ҳар лаҳза расму ойин, дину мазҳаб ва фарҳангу маърифати аҷнабиеро тарғиб мекунанд, ки хусусияти экстремистию террористӣ доранд. Кулли фарҳангиён, рўҳониён ва дигар афроде, ки ба чунин амалҳои номатлуб даст мезананд, ҷаҳонбинии таассубӣ дошта, ба тамоми ҳодисоту равандҳои табиат, ҷамъият ва умуман ҷаҳон аз доираи маҳдуди дини ислому мазҳаби суннӣ менигаранд. Инчунин афроди дигаре, дар ҳалли тамоми мушкилот баргашт ба хатти арабиро мебинанд. Вале имрўз ҳеҷ зарурати баргаште ба ин ё он хат надорад, чунки техникаю технологияи муосир дар як сония матни китобро ба ин ё он хат баргардон ва тарҷума намояд. Онҳо хурофотпараст буда, аслан дар фикри пешравию беҳбудии халқи тоҷик набуда, балки ҷаҳонбинии хурофот ва тассубро тарғибу ташвиқ менамоянд ва бо ин амали хеш мехоҳанд, ки байни мардуми шарифи Тоҷикистон ҷудоӣ андохта, ҳодисаҳои соли 1990-ро такрор намоянд. Онҳо ягон барномаи солиме надоранд, ки барои пешрафти ҷамъият бошад, корашон танҳо туҳмату ғайбат ва айбдор намудани роҳбарияти давлат аст. Агар ин шахсҳо ғамхори мардуми тоҷик мебуданд, то ин қадар иғвою фитна андохтан байни халқ, барномаҳои ояндасози худро пешниҳод мекарданд. Албатта ин кор ҳам ба манфиати ҳукумат ва ҳам худи онҳо буда, инчунин зиндагии мардум беҳтар мегардид.
Ин гуна методҳои мантиқии бегонапарастиро таърихи 1400-солаи миллати ҷафодидаи тоҷик нағз дар хотир дорад. Масалан, намунаи наздиктарини чунин ҳодисаҳо майдоннишиниву сангарнишинӣ ва рехтани хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳи тоҷик дар солҳои 90-ум, ки имрўз онҳоро бо доми «фидоиён», «шаҳидони роҳи ҳақ» ва «шаҳидон» қурбон сохтаем. Солҳои охир, ки дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Фаластин ва умуман ҷаҳони ислом рух додаистодаанд, ҳамагӣ ба дини таассубӣ ва бегонапарастӣ шабоҳат доранд.Фоҷиаҳои Афғонистону Покистони ҷангзада низ ҳосили исломи сиёсии таассуби динӣ мебошад.
Нишасти САҲА, кидар Варшавабаргузор гардида истодааст,имрўзба масъалаи баҳсиаксаримардум табдил ёфта, атрофи худ сару садохои гуногунро касб намудааст ва ба таъбири худи иштирокчиён ба майдони баҳсиноҷо мубаддал гардидааст. Муҳаммадалӣ Ҳайит, Сулаймон Орзуевро ва боз ким кадом «воизони доно», ки барои мардуми Тоҷикистон тамоман ношинос ҳастанд ва бо чандзабонҳунари сухангўӣ дорандуандешаҳояшон барои худашон норавшан аст бо суханбозиву сафсатазанӣовора нашавандуаз пайикору зиндагии хеш бошанд. (шояд ҷавон бошанд, бинобар ин дар арсаи сиёсатбозигарӣ мекунанд). Ба камсаводиву маҳорати воизӣнадоштани аъзои ҳукумат кордор нашаванду, ору номуси тоҷиконаи худронигоҳ доранд.
Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона аз Пешвои миллату фазои орому осуда роҳ сўи ояндаи дурахшон доранду ба маслиҳату ақидаҳои«воизони забондон» эҳтиёҷнадоранд. Шарм доред, ки байни иштирокчиёни якнишастибузург таҳқири миллатуҳамватанони худровазифаи асосии худ шуморида, бо сафсатаву буҳтон машғулед. «Фюрер»худи шумо ва ё аҷдодони шумо бошанд, ки имрўз ихтиёри зиндагии бурунмарзӣ дореду боз санг ба суӣ ҷўи обхўрдаатон мекунед.Зикр кардаед, ки нишаст се рўз идома дорадутавсияитамошои шармандагии аъзоёни ҳукуматрододаед. Тамошо аз шумо. Аз хориҷа нишаста дастоварду комёбиҳои мардуми тоҷикро тамошо кунеду, аз аламу ҳасад девонатаргардед…..
Кафедри фалсафа